БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи ниҳолпарварӣ”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти онҳоро танзим менамоянд.
Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳбудии фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронда шудаанд.
Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди соҳаи илм ва беҳбудии зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр мегарданд.