Рўёнидани товони зиёни моддӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ дар натиҷаи осеб расонидан ба саломатӣ
Ҷаборова Ғунчагул Ҳамроқуловна, Ҷаборов Темур Ҳамроқулович намояндаи Ҷаборова Ғунчагул Ҳамроқуловна бо ҷавобгарии Назаров Маҳмадали Раҷабалиевич, Каримова Гулсара Музафаровна ва Норова Гулдаста Ҷурақуловна оид ба рӯёнидани товони зиёни моддӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ дар натиҷаи осеб расонидан ба саломатӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, даъвояшонро бо он асоснок кардаанд, ки фарзанди ноболиғаш Ҷаборзода Юсуф Саидраҳмон санаи таваллудаш 5 январи соли 2014, аз моҳи июли соли 2014 то инҷониб таҳти тарбия ва нигоҳубини Ҷаборов Т.Ҳ. ва ҳамсараш Султонова М. қарор дорад. Ҷавобгарон Назаров Маҳмадали Раҷабалиевич, Каримова Гулсара Музафаровна ва Норова Гулдаста Ҷурақуловна нисбат ба фарзандони ноболиғи худ, назорати дахлдор ҷорӣ накарда, муносибати бемасъулиятона ба тарбияи онҳо зоҳир намудаанд, ки дар натиҷа санаи 21 июли соли 2020 тахминан соатҳои 11:30 дақиқа ноболиғон Назаров Муртазо Маҳмадалиевич санаи таваллудаш 7 марти соли 2010, Каримов Меҳроб Акбарович санаи таваллудаш 1 октябри соли 2010 ва Норов Амриддин Сироҷиддинович санаи таваллудаш 19 январи соли 2014 беназорат монда, дар кучаи назди хонаи бародараш Ҷаборов Темур Ҳамроқулович воқеъ дар ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа, деҳаи Бандар бо маводи сузандаи бензин бозӣ карда, фарзанди ноболиғашон Ҷаборзода Юсуф Саидраҳмонро оташ задаанд. Пас аз ҳодиса худи ҳамон рӯз бародараш Ҷаборов Темур Ҳамроқулович, кӯдакро бо ҷароҳатҳои сухтаи мавқеъи сар, рӯй, бадан, гардан, ҳарду дастон ва пойи рост дар ҳолаи сӯхтаи дараҷаи вазнин дар шӯъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ намудаанд. Аз рӯи санад оиди татқиқоти (шаҳодатгардонӣ) тиббӣ – судӣ аз 4 августи соли 2020 таҳти№2490 ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани ноболиғ Ҷаборов Юсуф Саидраҳмонович дар намуди ҷароҳатҳои сухта, бо оташ, мавқеъи сар, рӯй, гардан, бадан, ҳарду дастон, соқи пои рост 28% II-III дараҷа бардошта шудааст, ки ин ҷароҳатҳо ба зарари вазнин ба саломатӣ тааллуқ дошта, бо нишонаҳои хавфнок будан барои ҳаёт мансуб мебошад.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Хуросон аз 23 феврали соли 2021 Даъвои даъвогарон Ҷаборова Ғунчагул Ҳамроқуловна, Ҷаборов Темур Ҳамроқулович намояндаи Ҷаборова Ғунчагул Ҳамроқуловна бо ҷавобгарии Назаров Маҳмадали Раҷабалиевич, Каримова Гулсара Музафаровна ва Норова Гулдаста Ҷурақуловна оид ба рӯёнидани товони зиёни моддӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ дар натиҷаи осеб расонидан ба саломатӣ, қисман қонеъ карда шуда, аз ҳисоби Назаров Маҳмадали Раҷабалиевич, Каримова Гулсара Музафаровна ва Норова Гулдаста Ҷурақуловна ба фоидаи Ҷаборова Ғунчагул Ҳамроқуловна, Ҷаборов Темур Ҳамроқулович намояндаи Ҷаборова Ғунчагул Ҳамроқуловна зарари моддӣ бо тариқи муштарак ба маблағи 9740 (нуҳ ҳазору ҳафтсаду чил) сомонию 96 дирам ва зарари маънавӣ бо тариқи муштарак ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ рӯёнида шуд.