ВАХДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ!

ВАХДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ!!!

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наљоти  миллат, рушди тољикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ҳаќиќатан Ваҳдати миллї шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонї ва дӯстї ҳукмфармост, ондавлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иќтисодиёташ тадриљан меафзояд, ҳам аз љиҳати сиёсї ва ҳам аз љиҳати фарҳангї пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалї Раҳмон миллати парешон сарљамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраиҳар фарзанди тољик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Истиќлолият шараф ва номуси њар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиќлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллї нишонаи пойдориву баќои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳибиному иззат шуда метавонад, ки истиќлоли воќеи ва давлати озоду мустаќили хешро дошта бошад. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи такдирсоз мо тавонистем, ки ба мунокишахои дохили ва муќовимати мусаллањона хотима бахшида, ба мархалаи навини Точикистон – гузоштани пойдевори сулњ, таъмини вањдати миллї ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соњањои хољагии халќи Точикистон ва рушди онњо оѓоз намоем.

Љанги шањрвандї барои хољагии халќи мо хисороти азимеро оварда, боиси халокати дањњо њазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханронињои худ раиси Љумњур Пешвои Миллат Эмомалї Рањмон таъкид карда буданд, ки «дањсолањо лозим мешавад, то захму љароњатњои ин фалокат муолиља шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар њар хонавода сулњ ва оромї њукмфармо бошад».

Имзои Созишномаи умумии истикрори сулњ ва ризоияти миллї оѓози гардиши кулли дар њаёти сиёсї, иљтимої ва маънавии халќи тољик гардид. Шукргузори онам, ки миллатї бузурги тољик имрўз давлати соҳибихтиёр, демократї, ҳуќуќбунёд, ягона ва соҳибистиќлолгардидааст. Акнун барои халќи тољик чун обу ҳаво ваҳдати миллї зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиќлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст.

Ба аќидаи Президенти мамлакат Эмомалї Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, љомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тољикон фахр месозем.

Истиќлолият дар таърихи ҳазорсолаи халќи тољик ин воќеаи хеле бузург буд. Вале Тољикистон аз нахустин рӯзњои истиќлолияти худ дар раванди барќарорсозї ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии љомеа, суботи сиёсиву иљтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли арафаи 30 солагии истиќлолият барќарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллї, таъмини рушди устувори иқтисодиву иљтимої, таҳкими худшиносиву худогоҳї, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорї дар миёни тамоми табаќаҳои љомеаи Тољикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳиб маърифату фарҳангдӯсти тољик муяссар гардид. Бо фаро расидани давраи осоишта дар љумҳурї барномаи ислоҳоти иќтисодї ќабул гардид,ки вай роҳи иќтисодиёти бозоргониро интихоб намуд.

Натиљаҳои љанги шаҳрвандї ба иќтисодиёти давлатї зарбаи сахт расонида буд. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кӯшишу ғайрат намудаанд. Иќтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифтааст. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд.

Дар роҳи ҳалли  масъалаҳои  аграрї тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Стратегияи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар даврони Истиќлолият оид ба пастнамудани сатњи камбизоатї рушди чорводориро барои зиёд кардани мањсулнокии ин соња ва самарабахшии хизмати хусусии байторї дар бар мегирад, ки ќисмати асосии он баландбардоштани сатњи зиндагии ањолии дењот ба шумор меравад

Њаёт нишон дод, ки истикрори сулху субот ва вањдати милли дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тољикистон мебошад, ки дар натиљаи њамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиќи халќамон бо дастгирии давлатњои ба мо дўст муяссар гардид.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебањо ва муќаддас – вањдати миллиро пос нигох дорем, ба кадри он расем ва љавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавњари ноёбро хифзу эњтиёт намоянд.

Имрўз Тољикистони азизи мо ба муваффаќиятњои назарраси сиёсї, иќтисодї, иљтимої, илмї ва фарњангї ноил шуда, дар љањони муосир љойгоњи худро пайдо кардааст. Пояњои истиќлолияти давлатии мо сол ба сол ќавитар мегарданд.

Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоянд, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки бар ивази ҷони садҳо љавонони ҷавонмарги баору баномуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он бебозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрўз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст. Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи фатҳи қуллаҳои нав ба нави зиндагї. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост. Аз Ватани худ  ифтихор менамоям. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани манро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифоту пешниҳодоти сулҳовараш мешиносад. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани мо Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихи бузург дорад, мисли онро таърих ёд надорад.

 

Судяи суди ноњияи Хуросони вилояти Хатлон

Рањмонзода И.Р.