Дар Ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр мурофиаи сайёри судӣ баргузор гардид

Бо мақсади таъмин намудани дастрасии бештари шаҳрвандон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон мурофиаи сайёри судӣ баргузор шуд.
Чунин мурофиаҳое, ки бевосита дар маҳал баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки шаҳрвандон аз раванди баррасии парвандаҳо аз наздик огоҳ шаванд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро беҳтар дарк намоянд ва ба ҳифзи манфиатҳои қонунии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
Суди ноҳияи Хуросон таъкид намуд, ки баргузории мурофиаҳои сайёр минбаъд низ идома хоҳад ёфт, то сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд ва дастрасӣ ба адолати судӣ таъмин гардад.
