ЗАБОН – ҲАСТӢ ВА БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Забон натанҳо воситаи муҳимми мухобирот, балки василаи муаррифии фарҳангу тамаддун, расму оин, арзишҳои миллӣ, шинохти халқу давлат дар минтақа ва сайёра ба ҳисоб меравад. Бо касби Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам омад, ки дар баробари таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба омилҳои тарбияи маънавӣ ва ҳифзи арзишҳои муҳимтарин арҷ гузошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, бахусус ҳифзу таҳкими забони давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди бемайлони он шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ дар масири таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби миллати ориёитабор ҷойгоҳи хоссае дорад, ки ҷиҳати рушду такомули он дар ҳама мараҳалаҳои таърихӣ ба мушоҳида мерасад.

Аз маъхазҳои таърихӣ маълум аст, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз шашҳазор сола дошта, бо ин забон олимону шоирон ва эҷодкорони зиёде асарҳо офаридаанд, ки то имрӯз ҷомеаи башарӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Китобу рисолаҳои Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолидини Балхӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳои дигар ҳамчун манбаи донишу хирад пазируфта шудааст. Эҷоди чунин китобу рисолаҳои зиёд бо забони тоҷикӣ-форсӣ аз мавқеи баланд доштани забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Забони тоҷикӣ солҳост, ки диққати муҳаққиқони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудааст, ки ин аз қадру манзали зиёд доштани он дар миёни дигар забонҳои ҷаҳон дарак медиҳад.

 Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,

          Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

Забон воситаи муҳимтарини байни одамон аст, аз ин рӯ, бе забон ҷамъият вуҷуд надорад, зеро яке аз омилҳои пайдоиши инсон забон мебошад. Забон дар тамоми фаъолияти гуногунсоҳаи одамон ҳамчун воситаи муошират, ҳамчун воситаи ифодакунандаи фикр, ҳиссёт ва ирода хизмати босазо ва арзандаеро адо мекунад.

Забон рукн ва пояи миллату давлат буда, рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз забондониву забономӯзӣ ва эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ сарчашма мегирад. Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон буда, дирўзро бо имрўз ва имрўзро бо фардо пайванд мекунад. Забони тоҷикӣ мавқею манзалати худро миёни дигар забонҳои дунё бештар касб намудааст, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст. Бояд гуфт, ки дар ин росто нақши олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ, омўзгорони фанни забони тоҷикӣ, волидайн ва кормандони воситаҳои ахбори омма хеле назаррас аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус ба маврид қайд намудаанд: “Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем, асолати забонро барои ворисони он, бахусус насли ҷавон бозгӯ намоем ва забони асили адабиро, ки замоне бо ҳадафҳои ғаразнок ҳамчун забони кӯҳна маҳкум гардида буд, ба мақому мартабаи пешини он боз гардонем”.

Дар воқеъ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Яъне аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ дар он аст, ки забони тоҷикиро аз забони хонаводагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ ва давлатӣ табдил дод. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ яке аз рукнҳо ва рамзи муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш пайваста ҳамагонро ба эҳтироми забони модарӣ ва саҳеҳу амиқ омўхтани он даъват менамояд ва ин забони нобро самимона ситоиш мекунанд. Аз ҷумла  таъкид доштаанд: «Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Ҳеҷ набояд фаромӯш кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад».

Мо боварии комил дорем, ки бо таҷлил ва гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ моҳияти ҳифзу таҳкими онро насли наврасу ҷавони кишвар бештар дарк намуда, ба қадри ин муқаддасот мерасанд.  

    Судяи суди ноҳияи Хуросон

 Вализода Ҷонибек Саидмумин