ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ҲАСТӢ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

«Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.»

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва рамзи ҳастии он ба ҳисоб меравад. Барои мардуми тоҷик низ истиқлолият арзиши муқаддасест, ки санаи 9 сентябри соли 1991 бо ҷасорат ва иродаи миллӣ ба даст омад ва имрӯз ба ҳайси чароғи роҳнамо ва пояи давлатдорӣ хизмат мекунад. Агар ба таърихи навини Тоҷикистон назар афканем, истиқлолият на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки омиле гардид, ки миллат тавонист аз гирдбоди ҷанг, буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ гузашта, ба сӯи ваҳдат, субот ва тараққиёт қадам ниҳад.

Истиқлолият маънои аз нав эҳё шудани давлатдории миллӣ, забон, фарҳанг ва худшиносии таърихиро дорад. То давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон чун ҷумҳурии иттиҳодӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ҳуқуқи воқеии соҳибихтиёрӣ надошт. Бо эълони истиқлолият, халқи тоҷик, бори нахуст, соҳиби имконият гардид, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намояд. Ин имконият на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ муҳим аст, зеро миллате, ки соҳибихтиёр нест, наметавонад арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии худро пурра ҳифз ва рушд диҳад.

Аммо истиқлолият танҳо як рамзи озодӣ нест. Он масъулият, вафодорӣ ва фидокориро аз ҳар як фарди ҷомеа талаб мекунад. Масъулияти миллӣ дар ҳифзи истиқлол маънои омодагӣ ба ҳимояи Ватан, риояи қонунҳо, пардохти андоз ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки қарзи муқаддаси тамоми шаҳрвандон аст. Ҳар як қонун, ҳар як сиёсати давлатӣ ва ҳар як иқдоми маънавӣ бояд ба таҳкими истиқлол равона шавад, зеро танҳо дар ин сурат давлат метавонад поянда ва миллат соҳибобрӯ бошад.

Дар тӯли 34 соли истиқлол Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Аз ҳама муҳимтар, сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардид, пойдевори истиқлолро мустаҳкам сохт. Дар заминаи ҳамин субот давлат тавонист Конститутсияи худро қабул кунад, сохторҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқии миллӣ бунёд намояд, рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллиро эътироф созад ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ кунад. Истиқлолият шароит фароҳам овард, ки қонунгузории миллӣ рушд ёбад ва дар ҳама соҳаҳо – аз ҳуқуқи инсон то иқтисоди миллӣ – қадамҳои устувор гузошта шавад.

Дастовардҳои истиқлол дар соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ назаррасанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» намунаи барҷастаи ташаккули ҳуқуқи миллӣ мебошад, ки ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ, пешгирии исрофкорӣ ва поксозии маъракаҳо аз хурофот нигаронида шудааст. Ин иқдом на танҳо иқтисодии ҷомеаро сабук кард, балки тафаккури иҷтимоиро низ дигаргун сохт. Ҳамзамон, эҳёи ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Сада, Тиргон – ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ дар сатҳи давлатӣ нишон дод, ки истиқлолият ҳамзамон эҳёи ҳувияти миллӣ мебошад.

Дар раванди таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши ҳокимияти судӣ низ бениҳоят бузург аст. Бидуни ҳокимияти мустақили судӣ, ки адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонунро таъмин мекунад, истиқлолият мазмуну пойдории воқеӣ дошта наметавонад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон низоми судӣ ҳамчун яке аз се шохаи ҳокимият дар асоси принсипи ҷудоии ҳокимият ташаккул ёфт. Қабули Конститутсияи соли 1994, ки дар он мақоми судҳо ҳамчун ҳомии адолат ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон мустаҳкам гардид, қадами таърихӣ дар таҳкими истиқлол буд. Ҳокимияти судӣ имконият дод, ки шаҳрвандон барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ба додгоҳ муроҷиат намоянд, низоми қонунӣ устувор гардад ва давлат ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шавад. Бо таҳкими фаъолияти Суди конститутсионӣ ва дигар зинаҳои судҳо, имрӯз истиқлолият бо воситаи адолати ҳуқуқӣ кафолат меёбад.

Дар ҷаҳони муосир истиқлолият дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва рақобатҳои геополитикӣ бештар арзиши боз ҳам муҳимтарро пайдо намуд. Давлатҳое, ки соҳибихтиёр нестанд, ба манфиатҳои дигарон вобастаанд ва наметавонанд сиёсати мустақили дохиливу хориҷӣ пеш баранд. Тоҷикистон, бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ ва шароити ҳассоси минтақа, истиқлолиятро ҳамчун кафили амнияти миллӣ ва пойдории давлатдорӣ мешиносад. Ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар сиёсати давлатӣ истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ҳамчун арзиши тағйирнопазир мустаҳкам гардидааст.

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият беназир аст. Ӯ ҳамчун меъмори ваҳдат ва роҳнамои давлатдорӣ тавонист миллати тоҷикро аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сӯи сулҳу субот оварад. Ҳамзамон, бо сиёсати дурбинона истиқлолро на танҳо дар заминаи сиёсӣ, балки дар сатҳи маънавӣ ва фарҳангӣ низ таҳким бахшид. Забон, таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ ба маркази сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Ба таъкиди ӯ, миллате, ки забон ва таърихи худро аз даст медиҳад, истиқлолашро ҳифз карда наметавонад.

Ҳамин тавр, истиқлолият барои мардуми тоҷик танҳо як сана ё рамзи давлатӣ нест. Он пояи ҳастии миллӣ, такягоҳи давлатдорӣ ва масъулияти умумимиллӣ мебошад. Истиқлолият рамзи оромӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аст. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо эҳсоси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва худогоҳӣ дар ҳифзи он саҳмгузор бошад. Зеро истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳифзу пойдории он тақдири наслҳои имрӯзаву ояндаро муайян мекунад.

    Судяи суди ноҳияи Хуросон

 Вализода Ҷонибек Саидмумин