МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯИ ОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

4 июли соли 2025 дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти суди вилояти ХАва судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар мачлис муовини Раиси Суди Олӣ, раис ва муовинон раиси суди вилояти Хатлон, роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва судяхо иштирок намуданд. Маҷлисро муовини Раиси Суди Олӣ мухтарам Тағозода А.С. ифтитоҳ, намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аз пешрафтҳо ва мушкилоти мавҷуда дар самти татбиқи адолати судӣ, таъмини қонуният, таҳкими интизоми судяҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ёдовар шуданд. Сипас, ҳисоботи муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар шаш моҳи сипаригардида ироа гардид. Дар он сабабу омилҳои баррасии саривақтӣ, ҳолатҳои бекоршавии қарорҳо ва дигар нишондиҳандаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.