МУСТАҚИЛИЯТИ СУДҲО ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ АДОЛАТИ СУДӢ
Дастрасӣ ба адолати судӣ масъалаи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда буда, тибқи муқаррароти Конститутсия, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудани ҳақиқати воқеӣ ва беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Мо дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки дар натиҷаи поймол кардани қонунҳо ва содир намудани қонуншиканӣ ашхоси гуногун ба ҷазоҳои ба кирдорашон сазовор кашида мешаванд. Нуқтаи охиринро дар муайян кардани асли кирдор ва ҷазо барои он танҳо суд мегузорад.
Ҳамин тавр, суд на танҳо манфиати шахси алоҳида ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар маҷмӯъ, онро адолати судӣ мегӯянд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти суд аз ҳар гуна фишору дахолати сохторҳои давлатӣ озод буда, судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯйи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон чустуҷӯ ва дарёфт кунанд.
Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ин мулоҳиза чунин маънӣ дорад, ки ягон мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро надоранд. Хонандагони азиз ба хубӣ дарк кардаанд, ки дар давлати ҳуқуқбунёд ягон мақомот ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ, худ аз худ амал карда наметавонад. Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ қарор доранд, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26-уми июли соли 2014 қабул шудааст, ки роҳнамои фаъолияти мақомоти суд мебошад.
Принсипи фундаменталии адолати судӣ мустақилияти пурраи судҳо мебошад. Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ, ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, ҷавобгари барои беэҳтиромӣ ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.
Аҳмияти мустақилии судҳо дар он зоҳир мегардад, ки риояи қатъии он таъмини адолати воқеӣ дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ ва сӯистифодаи ҳокимият ва оварии мардум ба низоми судӣ ва давлат, натиҷаи муҳими он мебошад.
Дар давоми 95 соли мавҷудияти хеш мақомоти судии Тоҷикистон аз як Комиссариати халқии адлияе, ки 14 декабри соли 1924 ташкил ёфта буд, имрӯз ба мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, Суд, Шӯрои алдия, Вазорати адлия, марказҳои илмию татқиқотии ҳуқуқӣ, дигар ниҳодҳои судии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ арзи ҳастӣ намудааст. Ба ибораи дигар, мақомоти судӣ ҳоло чун ҳокимияти махсусе, ки адолати судиро амалӣ месозад, ташаккул ёфтааст.
Дар дарони соҳибистиқлолӣ ба зиммаи судҳо вогузор шудани вазифаҳои нав, аз қабили ҳаллу фасли масъалаҳои фарзандхондӣ, иҷозат додан барои ба ҳабс ҳисоб гирифтан, нишони боварии комили давлат ба фаъолияти ин мақомот мебошад. Кормандони судро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин бовариҳо фаъолияти худро ҳамеша дар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ ва ҳақиқату адолат ба роҳ монанд. Ҳаммаи ин дастовардҳо дар ҳаминаи таҳким ва риояи қатъии принсипи мустақилии судҳо амалӣ карда мешавад.
Cудяи Суди ноҳияи Хуросон
Вализода Ҷонибек Саидмумин
Суди ноҳияи Хуросон 


