ПРОБЛЕМАҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ҲУҚУҚТАТБИҚКУНӢ ДАР АМАЛИШАВИИ СУДИ ЭЛЕКТРОНӢ

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул – унвонҷуйи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон.

Калидвожаҳо: Технологияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои судӣ, суди электронӣ, корбарии электронии судӣ, истифодаи алоқаи видеоконфронс, автоматикунонии тақсими парвандаҳо ва маводҳо, суроғаҳои электронӣ, расмиёти қоидаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, воситаҳои техникӣ, чораҳои ташкилӣ, низомҳои ҳуқуқӣ, шаффофият, коррупсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, далелҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Технологияи ҳуқуқтатбиқкунӣ – ин маҷмуи усулҳо, воситаҳо ва тартиботест, ки барои татбиқ ва таъмини иҷрои қоидаҳои ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Он ҳам ҷанбаҳои ташкилӣ ва ҳам техникӣ дорад, ки ба дастёбӣ ба қонуният, адолат ва самаранокӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ равона шудаанд.

Унсурҳои асосии технологияҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ аз омилҳои зерин иборат мебошанд:

  1. Санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ: истифодаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии амалкунанда барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ.
  2. Расмиётӣ, қоидаҳои расмӣ ва марҳилаҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷамъоварии далелҳо, таҳлили қоидаҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳо.
  3. Воситаҳои техникӣ: технологияҳои муосир, аз ҷумла автоматикунонии равандҳо, базаҳои маълумот, судҳои электронӣ ва низомҳои таҳлили маълумоти бузург.
  4. Чораҳои ташкилӣ: таъмини ҳамкории самаранок байни иштирокчиёни раванд, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ.
  5. Омӯзиш ва тайёрӣ: рушди малакаҳои мутахассисон дар соҳаи ҳуқуқтатбиқкунӣ.

Технологияи самараноки ҳуқуқтатбиқкунӣ ба баланд бардоштани шаффофият, кам кардани сатҳи коррупсия ва таҳкими эътимод ба низомҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин, технологияҳои ҳуқуқтатбиқкуниро ба якчанд навъҳо ҷудо кардан мумкин аст. Инчунин технологияҳои ҳуқуқтатбиқкуниро мумкин аст тибқи меъёрҳои гуногун ба намудҳои алоҳида гурӯҳбандӣ намуд, аз ҷумла:[1]

1. Аз рӯйи марҳилаҳои раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ: а) технологияҳои ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо: — истифодаи назорати видеоӣ; — таҳлили маълумот барои пешгӯии ҷиноятҳо; — технологияҳои таҳқиқ ва исботи ҳуқуқвайронкуниҳо; — экспертизаи судӣ (биометрия, дактилоскопия, баллистика); — амалҳои тафтишии электронӣ (гӯш кардани гуфтугӯҳо, таҳлили почтаи электронӣ ва маълумоти дастгоҳҳои мобилӣ). б) технологияҳои қабули қарор: — низомҳои автоматикунонидашудаи таҳлили қонунҳо ва преседентҳо (амсоли судӣ дар амалияи судии Тоҷикистон аллакай ба назар мерасанд); — платформаҳои электронӣ барои қабули санадҳои судӣ. в) технологияҳои иҷрои санадҳо: — базаҳои электронии маълумот дар бораи қарздорону ҳуқуқвайронкунандагон; — воситаҳои рақамии назорат барои иҷрои ҷазоҳо (масалан, дастбандҳои электронӣ).

2. Аз рӯйи ҷанбаҳои ташкилӣ: а) технологияҳои маъмурӣ (расмиётӣ): — автоматикунонии кори мақомоти давлатӣ; — низомҳои «ҳукумати электронӣ». б) технологияҳои судӣ: корбарии электронӣ дар судҳо; — толорҳои маҷозии баррасии парвандаҳо. в) технологияҳои назоратӣ: — мониторинги риояи қоидаҳои ҳуқуқӣ бо истифодаи дронҳо ва зеҳни сунъӣ; — низомҳои сабти ном (масалан, бақайдгирии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва ғ.).

3. Аз рӯйи самтҳои функсионалӣ: а) технологияҳои пешгирикунанда: — платформаҳои иҷтимоӣ барои ирсоли беноми маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо (гарчанде баъзе маҳдудиятҳо ҷой доранд); — таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ барои ошкор кардани таҳдидҳо. б) технологияҳои пешгӯйикунанда: — алгоритмҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва пешгӯии ҳуқуқвайронкуниҳо. в) технологияҳои ҷазодиҳанда (маҷбуркунанда): — низомҳои назорати иҷрои ҷазоҳо; — сабти видеоии иҷрои санадҳои судӣ.

4. Аз рӯйи сатҳи мураккабии техникӣ: а) технологияҳои анъанавӣ: — ҳуҷҷатгузории коғазӣ; — усулҳои анъанавии пурсиш ва тафтиш. б) технологияҳои инноватсионӣ: — зеҳни сунъӣ дар ҳуқуқтатбиқкунӣ; — блокчейн барои нигоҳдории маълумот дар бораи санадҳои ҳуқуқӣ; — низомҳои электорнии (автоматикунонии) таҳлили ҳуқуқвайронкуниҳо.

5. Аз рӯйи соҳаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ: а) ҳуқуқтатбиқкунии маданӣ: — автоматикунонии пешниҳод намудани аризаю даъвоҳо; — ҷалби медиаторҳои (расмиёти медиатсионӣ) маҷозӣ дар ҳаллу фасли баҳсҳо. б) ҳуқуқтатбиқкунии ҷиноятӣ: — истифодаи лабораторияҳои криминалистӣ; — базаҳои маълумот дар бораи ДНК. в) ҳуқуқтатбиқкунии маъмурӣ: — ҷаримаҳои электронӣ; — камераҳои сабти ҳуқуқвайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракати роҳ.

Ҳар як намуди технология ба баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва адолати раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ равона шудааст. Истифодаи онҳо вобаста ба низоми ҳуқуқӣ, сатҳи рушди технологияҳо ва хусусиятҳои муносибатҳои танзимшаванда мебошад.

Агар ин рӯ, проблемаҳои технологияҳои ҳуқуқтатбиқкуниро дар фаъолияти судҳо баррасӣ намоем, пас маълум мегардад, ки дар низоми судӣ намудҳои гуногуни технологияҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ мавҷуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва дастрасии раванди судӣ равона шудаанд, аз ҷумла:[2]

1. Технологияҳои идоракунии равандҳои судӣ: а) корбарии электронии судӣ: — омода ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ; — ташкили низомҳои автоматикунонидашудаи тақсимот ва назорати парвандаҳои судӣ ва маводҳо, аз ҷумла, низоми «Суди электронӣ». б) толорҳои маҷозии судӣ: — истифодаи алоқаи видеоконфронс барои гузаронидани баррасиҳои судӣ (ҷаласаҳои судӣ); — иштироки фосилавии тарафҳо, шоҳидон ва коршиносон. в) автоматикунонии тақсими парвандаҳо ва маводҳо: — истифодаи алгоритмҳо барои пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ ҳангоми муайян намудани судяҳо дар баррасии парвандаҳо ва маводҳо.

2. Технологияҳои таҳлил ва коркарди маълумот: а) зеҳни сунъӣ: — таҳлили автоматикии таҷрибаи судӣ ва прецедентҳо (амсолияҳои судӣ); — ошкор кардани зиддиятҳо дар қонунҳо ва санадҳои судӣ. б) низомҳои дастгирии қабули санадҳои судӣ: — воситаҳое, ки тавсияҳо барои қабули санадҳои судӣ дар асоси таҳлили парвандаҳо пешниҳод мекунанд. в) базаҳои маълумот дар бораи қарорҳои судӣ: — захираҳои маълумот барои дастрасӣ ба санадҳои судӣ, ки барои ташаккули якхелагии таҷрибаи судӣ кӯмак мерасонанд.

3. Технологияҳои таъмини далелҳо: а) криминалистикаи рақамӣ: — омӯзиши далелҳои рақамӣ, аз қабили мактубҳои электронӣ, маълумот аз дастгоҳҳо, суроғаҳои электронӣ. б) низомҳои назорати видео ва аудиосабтӣ: — истифодаи сабтҳои камераҳо ва дастгоҳҳо барои ҳуҷҷатгузории раванди судӣ. в) далелҳои электронӣ: — эътирофи имзоҳои рақамӣ, маълумот аз мессенҷерҳо, координатаҳои GPS ва дигар шаклҳои замонавии далелҳо дар суд.

4. Технологияҳои ҳамкорӣ бо иштирокчиёни раванд: а) — порталҳо ва замимаҳои судӣ: — ҳуҷраҳои шахсӣ барои иштирокчиён барои пайгирии ҳолати парвандаҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гирифтани огоҳиномаҳо. б) машваратҳои онлайнӣ: — платформаҳо барои шарҳ додани ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни равандҳои судӣ. в) автоматикунонии даъвати тарафҳо: — огоҳиномаҳои электронӣ ва паёмҳои SMS барои иштирокчиёни парванда.

5. Технологияҳои таъмини шаффофият: а) дастрасии оммавӣ ба муҳокимаҳои судӣ: — пахши мустақими муҳокимаҳо дар интернет; — базаҳои кушоди санадҳои судӣ барои назорати ҷамъиятӣ. б) таъмини махфият: — низомҳои ҳифзи маълумоти шахсии иштирокчиёни раванд ва дигар махфиятҳо.

6. Технологияҳои иҷрои қарорҳои судӣ: а) варақаҳои иҷрои электронӣ: — автоматикунонии интиқоли санадҳои судӣ ба тарафҳо ва мақомоти иҷро. б) назорати иҷрои санадҳои судӣ: — истифодаи низомҳои электронӣ барои назорати ҳолати иҷрои санадҳои судӣ.

7. Технологияҳои инноватсионӣ: а) блокчейн — нигоҳдории санадҳои судӣ дар шакли тағйирнопазир ва шаффоф; б) низомҳои роботишуда — истифодаи чат-ботҳо ва зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии расмиёти соддаи судӣ (масалан, баррасии ҷаримаҳо); в) омӯзиши мошинӣ — такмил додани моделҳои пешгӯйӣ барои муайян кардани натиҷаҳои парвандаҳо; — санадҳои ҳуқуқтатбиқкунии судӣ.

8. Санадҳои ҳуқуқтатбиқкунии судӣ — ҳуҷҷатҳои расмие мебошанд, ки дар онҳо суд натиҷаҳои баррасии парвандаро сабт мекунад, ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёнро муайян менамояд ё (судшавандаро сафед мекунад) ё ҷазоҳоро татбиқ мекунад. Ин санадҳо татбиқи қоидаҳои ҳуқуқиро дар парвандаҳои мушаххас инъикос мекунанд. Қонунгузор (Кодекси мурофиавии мадании ҶТ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, Кодекси мурофиавии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ) намудҳои асосии санадҳои ҳуқуқтатбиқкунии судиро чунин муайян кардаанд: Масалан, тибқи моддаи 14 Кодекси мурофиавии мадании ҶТ, ки санадҳои судӣ ном дорад, чор намуди санадҳои судиро пешбинӣ менамояд. Дар мурофиаи маданӣ суд санадҳои судиро дар шакли фармон, ҳалнома, қарор ва таъинот қабул мекунад. Дар мурофиаи ҷиноятӣ бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул менамоянд, суд, судя бошанд, таъинот ва ҳукм қабул менамоянд (ҳангоми пешбурди парванда дар суди марҳилаи якум), дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ бошад, суд оид ба баррасии шикояту эътирозҳои кассатсионию назоратӣ қарор қабул менамояд.[3]

Ҳамаи ин санадҳо судӣ, санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ буда, талабот, тартибу қоидаҳои қабули худро доро мебошанд, ки бо технологияҳои махсус таҳия ва қабул карда мешаванд.

1) Ҳалнома ва ҳукми судӣ-санадҳои ниҳоие мебошанд, ки дар натиҷаи моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ (оилавӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ) қабул мешаванд. Ин намудҳои санадҳои судӣ қисми асосии санадҳои ҳуқуқтатбиқкунии судиро ташкил медиҳанд. Масалан, тибқи моддаи 198 Кодекси мурофиавии мадании ҶТ «Санади суди марҳилаи якум, ки ба воситаи он парванда моҳиятан ҳал мешавад, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҳалнома қабул мегардад. Ҳалнома дар хонаи алоҳида қабул мегардад, ки дар он танҳо судяи баррасикунандаи парванда метавонад ҳузур дошта бошад. Ҳузур доштани шахсони дигар манъ аст. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда мешавад»[4].

Ҳамзамон, мутобиқи моддаҳо 332-335 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҶТ нисбат ба қабули ҳукми судӣ якчанд талаботҳо пешбинӣ шудааст, ки риоя накардани онҳо ба бекор шудани ҳукми судӣ мегардад, аз ҷумла: Суд ҳукмро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад. Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.  Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад. Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад. Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гунаҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад. Ҳар шахси бегуноҳ бояд сафед карда шавад. Ҳукм аз ҷониби суд, судя дар хонаи машваратӣ бароварда мешавад. Ҳангоми баровардани ҳукм дар хонаи машваратӣ танҳо ҳайати суде, ки ҳамин парвандаро баррасӣ кардааст, ҳузур дошта метавонад. Судяҳо ҳуқуқ надоранд фикру мулоҳизаи ҳангоми муҳокима ва баровардани ҳукм ҷойдоштаро фош кунанд[5].

Инчунин, суд дар хонаи машваратӣ ҳангоми баровардани ҳукм масъалаҳои зеринро бояд ҳал кунад: — кирдоре, ки дар содир намудани он судшаванда айбдор карда мешавад, ҷой дорад ё не; — оё исбот шудааст, ки кирдорро судшаванда содир кардааст; — ин кирдор ҷиноят аст ё не ва он маҳз бо кадом моддаи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст; — судшаванда дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор аст ё не ва ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо мавҷуданд ё не; — ба судшаванда барои ҷинояти содирнамудааш ҷазо додан лозим аст ё не; — ба судшаванда кадом ҷазо бояд таъин карда шавад; — шахси аз озодӣ маҳрумшуда дар кадом намуд ва низоми муассисаи ислоҳӣ бояд мўҳлати ҷазоро адо намояд. — даъвои маданӣ қобили қонеъгардонӣ аст ё не, ба манфиати кӣ ва инчунин агар даъвои маданӣ арз нашуда бошад, товони зарари молу  мулкӣ  ситонида мешавад ё не; — бо молу мулке, ки барои таъмини даъвои маданӣ ё эҳтимоли мусодира таҳти ҳабс қарор дода шудааст, чӣ бояд кард; — бо далелҳои шайъӣ чӣ бояд кард; — хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза ба зиммаи кӣ бояд гузошта шавад; — судшавандаро аз унвонҳои махсус ё рутбаҳои ҳарбӣ, инчунин ордену медалҳо ва унвонҳои фахрӣ маҳрум созад ё не; — татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро, дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ шудаанд; — дар хусуси чораи пешгирӣ ба ҳаққи судшаванда[6].

2) Таъиноти суд. Санаде, ки суд ҳангоми баррасии парвандаҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои ташкилӣ қабул мекунад (масалан, мавқуф гузоштани ҷаласа, таъйини экспертиза ва ғайраҳо), яъне ба ғайр аз фармони судӣ, халнома, ҳукм ва қарор, ҳамаи дигар санадҳои судие, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ қабул мегарданд, таъинот номида мешаванд.

 Аммо дар як ҳолат бо қабули таъинот парванда моҳиятан ҳалли худро меёбад. Масалан, чунин ҳолат дар моддаҳои 140 Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ ва моддаи 177 Кодекси мурофиавии мадании ҶТ пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла: «Тарафҳо метавонанд бо бастани созиши оштӣ ба мурофиаи судӣ хотима бахшанд. Созиши оштии тарафҳо аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, ба суд пешниҳод карда мешавад, ки ба он даъвогар ва ҷавобгар имзо мегузоранд. Дар созиши оштии тарафҳо шартҳои созиш ва оқибатҳои ногувори иҷро нагардидани шартҳои созиш нишон дода мешаванд. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад (м. 177 КММ ҶТ).[7]

  • Қарор. Қарор санади ниҳоии суд дар парвандаҳои маъмурӣ ё оид ба масъалаҳои алоҳидаи расмиётӣ қабул менамояд.
  • Фармон. Фармон дар раванди иҷрои қарорҳо (масалан, фармони судӣ барои рӯёнидани қарз).
  • Санаде, ки дар тартиби махсус истифода мешавад (масалан, ҳангоми баррасии масъалаҳои мувофиқат бо Конститутсия).

Технологияҳои қабули санадҳои судӣ. Барои таъмини дақиқият, қонуният ва самаранокии санадҳои судӣ аз технологияҳои гуногуни ҳуқуқтатбиқкунӣ истифода мешавад, аз ҷумла:

1. Технологияҳои анъанавӣ: — қоидаҳои расмиётӣ, яъне риояи қатъии расмиёте, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст (ҷамъоварии далелҳо, пурсиши шоҳидон, баҳсҳои тарафҳо); — қабули қарорҳои судӣ, дар парвандаҳои мураккаб ё дорои аҳаммияти махсус судяҳо якҷоя қарорҳои ниҳоиро муҳокима ва қабул мекунанд.

2. Низомҳои автоматикунонидашуда: — низомҳои электронии ҳуҷҷатгузорӣ; — автоматикунонии омодагӣ ва бақайдгирии санадҳои судӣ; — алгоритмҳои тақсими парвандаҳо; — пешгирии таъсири омилҳои субъективӣ ҳангоми таъйини судяҳо.

3. Технологияҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ: — таҳлили таҷрибаи судӣ; -истифодаи базаҳои маълумот барои таҳлили қарорҳои қаблан қабулшудаи парвандаҳои монанд; — дастгирии қабули қарорҳо бо истифода аз ИИ; — пешниҳоди тавсияҳои алгоритмҳо оид ба сохтор ва мазмуни санадҳои судӣ; — таҳлили ҳуқуқӣ, яъне низомҳо барои таҳлили қоидаҳои муноқишавӣ ва интихоби қоидаҳои афзалиятнок.

4. Технологияҳои ҳамкорӣ бо иштирокчиён: — алоқаи видеоконфронсӣ; — гузаронидани ҷаласаҳо ба таври фосилавӣ ва сабти изҳоротҳои иштирокчиён.

5. Огоҳиномаҳои электронӣ: — огоҳ намудани тарафҳо дар бораи раванди қабули қарор ё натиҷаҳои он.

6. Рақамикунонии пойгоҳи далелҳо, далелҳои электронӣ: — истифодаи маълумоти рақамӣ ҳамчун далел (ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, мукотибаи электронӣ); — коркарди автоматикунонидашудаи маълумот; — технологияҳои криминалистикаи рақамӣ барои таҳлил ва санҷиши далелҳо.

7. Шаффофият ва назорат:

А) Нашри санадҳо: — базаҳои кушоди маълумот дар бораи қарорҳои судӣ барои таҳлили оммавӣ;

Б) Технологияҳои блокчейн: — нигоҳдории санадҳои судӣ барои пешгирии тағйирёбии онҳо;

8. Технологияҳои таълимӣ барои судяҳо: — симуляторҳои равандҳои судӣ; — истифодаи низомҳои воқеияти маҷозӣ барои моделсозии парвандаҳои мураккаб; — курси электронии таълимӣ; — баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва қонунгузорӣ.

Ҳамин тавр, ин технологияҳо ба баланд бардоштани сифати санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, коҳиши саҳвҳо, тезонидани равандҳо ва таъмини шаффофият равона шудаанд.

Фишурда: Дар мақола сухан дар бораитехнологияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар амалишавии суди элкетронӣ меравад. Қайд мегардад, ки технологияи ҳуқуқтатбиқкунӣ – ин маҷмуи усулҳо, воситаҳо ва тартиботест, ки барои татбиқ ва таъмини иҷрои қоидаҳои ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Он ҳам ҷанбаҳои ташкилӣ ва ҳам техникӣ дорад, ки ба дастёбӣ ба қонуният, адолат ва самаранокӣ дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ равона шудаанд. Технологияи ҳуқуқтатбиқкунӣ аз якчанд унсурҳо ва омилҳое иборат мебошад, ки онҳо заминаи асосии технологияи ҳуқуқтатбиқкуниро ташкил медиҳанд, аз ҷумла санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, расмиёти қоидаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, воситаҳои техникӣ, чораҳои ташкилӣ ва ғайраҳо. Инчунин, технологияи самараноки ҳуқуқтатбиқкунӣ ба баланд бардоштани шаффофият, кам кардани сатҳи коррупсия ва таҳкими эътимод ба низомҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин, технологияҳои ҳуқуқтатбиқкуниро ба якчанд навъҳо ҷудо кардан мумкин аст, ҳар кадоми он дар амалишавии ҳадафҳои суди электронӣ мавқеи худро доранд.

Ҳамзамон, қайд мегардад, ки санадҳо судӣ, санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ буда, талабот, тартибу қоидаҳои қабули худро доро мебошанд, ки бо технологияҳои махсус таҳия ва қабул карда мешаванд. Ҳалнома ва ҳукми судӣ-санадҳои ниҳоие мебошанд, ки дар натиҷаи моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ (оилавӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ) қабул мешаванд. Ин намудҳои санадҳои судӣ қисми асосии санадҳои ҳуқуқтатбиқкунии судиро ташкил медиҳанд. Тибқи Кодекси мурофиавии мадании ҶТсанади суди марҳилаи якум, ки ба воситаи он парванда моҳиятан ҳал мешавад, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҳалнома қабул мегардад. Ҳалнома дар хонаи алоҳида қабул мегардад, ки дар он танҳо судяи баррасикунандаи парванда метавонад ҳузур дошта бошад. Ҳузур доштани шахсони дигар манъ аст, инчунин суд ҳукмро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад. Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.  Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад. Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад. Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гунаҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад.


[1] Муфассалтар ниг.: Бобоҷонзода, И.Ҳ. Паёми тақдирсоз ва ояндабин. Паёми Пешвои миллат–ҳуҷҷати камназири давлатсоз. [Матн] / И.Ҳ.  Бобоҷонзода. – Душанбе, 2023. – С.66–80.; Бобоҷонзода, И.Ҳ. Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи–ҷустуҷӯи: масоили назариявӣ ва қонунгузорӣ [Матн] / И.Х. Бобоҷонзода // маводи конференсия бахшида ба рузи ҳуқуқи инсон. ш. Душанбе, 10 декабри соли 2021. – С. 60–63.; Бободжонзода, И.Х. Правоприменительная практика и механизмы судебной защиты субъективных гражданских прав / И.Х. Бободжонзода // Правосознание и правовая культура как условие эффективности реализации права: проблемы теории, методологии и практики (монографическое исследование): / Бободжонзода И.Х., Нематов А.Р. и др. – Душанбе, 2022. – С. 119–141.; Бободжонзода, И.Х. Проблемы применения морально–этических норм и право в взаимоотношениях врача и п ациента / И.Х. Бободжонзода // Правосознание и правовая культура как условие эффективности реализации права: проблемы теории, методологии и практики (монографическое исследование): /И.Х. Бободжонзода, А.Р. Нематов и др. – Душанбе, 2022. – С. 149–164.

[2] Муфассалтар ниг.: Амосов, С. Пределы судебного познания в процессуальном праве / С. Амосов // Российский судья. – 2001. – № 1. – С. 15–19.; Бабаджанов И.Х., Додозода А.М. Понятие вины применительно к юридическим и физическим лицам. / И.Х. Бободжонов, А.М.  Додозода // Юридическая наука: история и современность. – Санкт– Петербург. – 2017. – №6. – С. 94–109.; Бабаджанов, И.Х. Принцип состязательности и равноправия сторон в уголовном судопроизводстве. [Текст] / И.Х. Бабаджанов // Материалы международной научно–практической конференции (Душанбе, 03 ноября 2016). – Душанбе, Ирфон 2016. – С.53–57.

[3] Муфассалтар ниг.: Бобоҷонов И.Ҳ., Давлатов С.А., Бадалов Ш.К. Мурофиаи гражданӣ: Намунаи ҳуҷҷатҳои судӣ. (васоити таълимӣ). Душанбе: «ЭР-граф», 2011.  -450с.; Бобоҷонов И.Ҳ. Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, «ЭР-граф,» 2014.; Бобољонзода И.Њ.Проблемањои татбиќи њуќуќ дар Љумњурии Тољикистон (монография) / Коллективи муаллифон; зери тањрири д.и.њ., профессор Бобољонзода И.Њ. ва д.и.њ., профессор Нематов А.Р. –Душанбе: МН «Дониш», 2024. – 664 с.; Бободжонзода И.Х. Возникновение и развитие новых институтов в гражданском процессуальном праве Таджикистана: Проблемы и перспективы. [Текст] / И.Х. Бободжонзода // Академичекий журнал. – 2019. – №2 (30). – С. 106–115.; Бободжонзода И.Х., Кодирзода Т.К. Доступ к правосудию и особенности механизма судебной защиты субъективных гражданских прав в гражданском процессе. / И.Х. Бободжонзода, Т.К. Кодирзода // Академический журнал. – 2019. – №3 (31). – С. 45–54.; Бободжонзода И.Х., Кодирзода Т.К. Процессуальные препятствия и особенности механизма судебной защиты субъективных гражданских прав в гражданском процессе. / И.Х. Бободжонзода, Т.К. Кодирзода // Законодательства. – 2019. – №3 (35). – С. 87–98.

[4] Муфассалтар ниг.: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6–уми ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26–уми сентябри соли 1999, 22–юми июни соли 2003 ва 22–юми майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 136 с.; Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи  судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон” [Матн]  аз 26 июли соли 2014, № 1084 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, 603; Қонуни конститутсионии ҶТ аз 21.02.2018 с., № 1509.; Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008, таҳти №341 // Маҳзани мутамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.12.2024).; Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009, таҳти №564 // Маҳзани мутамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.12.2021).; Кодекси одоби судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар  конференсияи  судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн] аз 29 ноября соли 2013 қабул карда шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.12.2021).; Бабаджанов, И.Х. Трансформация обычаев в праве на постсоветском пространстве. / И.Х. Бободжонов // Мир политики и социологии. – Санкт–Петербург. – 2016. – №1. – С.180–198.; Бабаджанов, И.Х., Додозода, А.М.  Проблемы понимания вины в контексте эволюции научных исследований в сфере цивилистики. / И.Х. Бободжонов, А.М., Додозода // Юридическая наука: история и современность. – Санкт– Петербург. – 2017. – №5. – С. 87–95.; Бободжонзода, И.Х. (Бабаджанов И.Х.), Кудратов М.А. О некоторых спорных институтах проекта Уголовного кодекса Республики Таджикистан: теория, законодательства и практика. / И.Х. Бободжонзода, М.А. Кудратов. // Журнал «Правовая жизнь».  – 2020. –  №4 (32). – C. 6–18.; Бободжонзода, И.Х. (Бабаджанов И.Х.)., Анушервонни Исрофил. Правовая система Республики Таджикистан в годы государственной независимости. / И.Х. Бободжонзода, Анушервонни Исрофил.  // Правовая жизнь. – 2019. – №3 (27). – С. 21–39.

[5] Муфассалтар ниг.: Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009, таҳти №564 // Маҳзани мутамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.12.2021).; Бобоҷонзода, И.Ҳ. Общетеоретические проблемы становления, развития и перспективы правового государства в Республики Таджикистан. / И.Х. Бободжонзода Сборник материалов международной научно–практической конференции (г. Уфа, 18 мая 2021 года). – Уфа: БашГУ, 2021. – 395 с. – С. 35–73.; Бобоҷонзода, И.Ҳ. Одатҳо ҳамчун шакли ҳуқуқ: таҳлили назариявӣ – ҳуқуқӣ / И.Х. Бобоҷонзода // Самаранокии татбиқи ҳуқуқ ҳамчун омили таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ (Душанбе, 14 июни соли 2022). – Душанбе, 2022. – С. 43–57.;Бобоҷонзода, И.Ҳ. Ҳуқуқ ҳамчун арзиш ва арзишҳо дар ҳуқуқ: ҷанбаи назарӣ ва ҳуқуқӣ. / И.Ҳ.  Бобоҷонзода // Маводҳои I–умин Конференсияи илмӣ–амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Академияи ВКД ҶТ (ш. Душанбе, 29 апрели соли 2022). – Душанбе, 2022. – С. 72–80.; Бобоҷонзода, И.Ҳ., Ҷавобгарии ҷинояти барои ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ (экстремистӣ) ва террористидошта: дар назария ва амалия. / И.Х. Бобоҷонзода // Қонунгузорӣ. – 2018. – № 3 (31). – С 80–87.

[6] Ҳамон ҷо.

[7] Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008, таҳти №341 // Маҳзани мутамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.12.2024).