Раиси суди ноҳияи Хуросон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуд

Санаи 28 августи соли 2025, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҳокимияти судӣ мукофотҳои давлатӣ, унвонҳо ва рутбаҳои махсусро тақдим намуданд.
Зимни маросим як қатор намояндагони низоми судӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла, Раиси суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Қурбонзода Анвар Акобир бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуд.
Ин иқдоми Пешвои миллат аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии давлат ба таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва баланд бардоштани мақому манзалати судҳо дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Қадршиносӣ ва сарфароз гардонидани судяҳо далели эҳтироми баланд ба нақши муҳими ҳокимияти судӣ дар таъмини адолат, қонуният ва суботи ҷомеа мебошад.