15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашина

Шаҳрванд Ахяев С.К. рўзи 21 августи соли 2024 тахминан соати 18:40 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш 4887РТ03-ро дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа, ноҳияи Хуросон, дар ҳолати мастӣ идора кардааст.

Бо протоколи муоинаи тиббӣ барои муайян намудани далели истеъмоли шароб таҳти №1 аз 21 августи соли 2024 муайя намудааст, ки шаҳрванд Ахяев С.К. рўзи 21 августи соли 2024 соати 19:08 дақиқа дар ҳолати мастии дараҷаи миёна қарор доштааст.

Гуноҳи Ахяев С.К. дар маҷлиси судӣ бо маводҳои дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур ҷамъовардашуда, бо нишондоди шоҳидон, бо протоколи муоинаи тиббӣ барои муайн намудани истеъмоли шароб пурра тасдиқи худро ёфт.

Бо қарори суд Ахяев С.К. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин карда шудааст.