21600 сомонӣ ҷарима, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашина
Шаҳрванд Тағоев М.Қ. рўзи 22 марти соли 2024 соати 23:30 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «АУДИ В5» рақами қайди давлатиаш 0051АС03-ро дар ҳудуди деҳаи Бандар, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа, ноҳияи Хуросон, дар ҳолати мастӣ идора карда, бо ин ҳаракатҳояш талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардааст.
дар маҷлиси судӣ Тағоев М.Қ. аз кардааш пушаймон шуда баёнот дод, ки ӯ нушокии навъи “Турбо” нўшидааст.
Бо қарори суд Тағоев М.Қ. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21600 (бисту як ҳазору шашсад) сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст.