9 май – Рӯзи Ғалаба

Имрӯз мо дар остонаи ҷашни муқаддас – 80-солагии Рӯзи Ғалаба қарор дорем. Ин санаи фархунда барои ҳар яки мо рамзи шуҷоат, мардонагӣ ва иттиҳоди миллатҳо бар муқобили фашизм аст. Мо ифтихор дорем, ки фарзандони диловари халқи мо дар сафи пеши ҷабҳа қарор гирифта, барои ҳифзи сулҳ ва озодӣ ҷонфидоӣ намудаанд.

Дар ин рӯзи таърихӣ мо ба хотири қаҳрамониҳои онҳое, ки ҷонҳои худро баҳри зиндагии осоишта фидо карданд, сари таъзим фуруд меорем. Қаҳрамонии онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва барои наслҳои оянда сабақи бузурги ватандӯстӣ хоҳад буд.

Мо имрӯз на танҳо хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорем, балки ба онҳое, ки аз майдони ҷанг бо пирӯзӣ баргаштанд ва дар ободонии диёр саҳми назаррас гузоштанд, изҳори сипос менамоем. Шумо, собиқадорони гиромӣ, намунаи ибрати насли ҷавон ҳастед ва мо аз меҳнати садоқатмандонаи шумо ифтихор мекунем.

Бигзор рӯҳи қурбониёни ҷанг шоду хонаи собиқадорон пур аз файзу баракат бошад! Ба насли ҷавон орзу менамоем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои сулҳу субот зиндагӣ кунанд ва сулҳи осоиштаро ҳифз намоянд.

Иди Ғалаба муборак бод! Бигзор осмони диёрамон ҳамеша софу беғубор бошад!

Судяи суди ноҳияи Хуросон Раҳмонзода Икром