Ифтихори суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
Дар мусобиқаи гуштини миллӣ «Гуштингирӣ» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон, корманди суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Мирзоализода Латиф Мирзоалӣ дар вазни 65 кг, сазовори ҷои 3-юм гардида, бо мукофоти пулӣ, ифтихорнома ва медал сарфароз гардид.