Нигоҳе аз таърих, қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм
Нигоҳе аз таърих, қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм
Дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) фикру ақидаҳои олимони соҳаи мазкур гуногун мебошад. Ҳарчанд ин падидаи номатлуб аз даврони кўҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногун зуҳур мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-ро дар замони муосир муайян кардаанд.
Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдори дар Фаронса, Ирландия, Македония,Сербия,Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст.
Раванди дуюми хуруҷи терроризм ба охирҳои асри 19 рост меояд.
Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар асри 20, ки дар таърихи ҷаҳон чун насри тарақиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, терроризми сиёсӣ ном гирифтааст.Ин террор асосан баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тарақи мекард ва сохторҳои иҷтимоӣ давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст.Дар ин давлатҳо ташкилотҳои террористии «Красные бригады»,»Фраксия Красной Армии», «Японская Красная Армия» ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакати худро ноором месохтанд.Амалҳои террористии ташкилотҳо аз намуди террори инқилоби Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд.Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд.
Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад.Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард.Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зуроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кўшояд.
Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намуданд.Онҳо пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва таввасути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд.Албата дар шароити номуайяни мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан зарур меомад.Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.
Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тези ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд.Аз тарафи дигар вуҷуд надоштани назорати қатъи, бемасъулияти дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқи монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурухтани яроқу аслиҳа ба гуруҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷанги оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъи монд, ки дар ҳудуди он гуруҳҳои зиёди террористи арзи вуҷуд мекарданд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Терроризм ва экстримизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез» бошад заминаашонро аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта, сипас як қатор қонунҳое, ки бевосита танзимкунандаи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки 19 ноябри соли 1999 таҳти №846, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки 8 декабри соли 2003 таҳти №69 қабул карда шудаанд. Қонунҳои зикргашта асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Инчунин диспозитсия ва чорахои ҷазоии терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 № 575 хусусан дар моддаҳои 179, 307 ва ғайра муқаррар карда шудааст.
Мутобиқи қисми 1, моддаи 179, боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷиноятҳо ба муқобили амниятӣ ҷамъиятӣ» мафҳуми терроризм муқаррар карда мешавад: «Терроризм — яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпаррони аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо».
Мутахасисон терроризмро ба намудҳои гуногун тақсим мекунанд.Ба монанди терроризми давлатӣ, терроризми фаромиллӣ, терроризми маҳаллӣ, терроризми фардӣ, нашъатерроризм, терроризми мазҳабӣ, терроризми иттилоотӣ ва терроризми фарҳангӣ.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-уми декабри с.2003, №69 «Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Ҳодисаҳое, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба миён меоянд ва ба чӣ ҳолатҳо оварда мерасонанд, албатта аз ин гуна ҳолатҳо ҳар яки мо огоҳ ҳастем. Ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ба содиршавии амалиётҳои террористӣ дар манотиқи гуногуни олам, ки боиси фалокати одамон мегардад, оварда мерасонад.
Мушоҳидаҳои амалиётҳои террористӣ бисёртар дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон ва инчунин дар баъзе давлатҳои Аврупо ба назар мерасанд. Албатта гуфтан бамаврид аст, ки ин ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои абарқудрат ба монанди Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алоқамандии зич дорад. Мо медонем, ки баъзе давлатҳои Шарқи наздик ва Африқо аз захираҳои табии, хусусан аз нефту газ доро мебошанд ва боиси таваҷҷўҳ аст, ки ин захираҳо дар байни ду давлати абарқудрати дунё яъне Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақсимоти дурусти худро пайдо карда наметавонанд, ки ин ҳама баъдтар боиси сар задани ҷангу низоъ дар ин минтақаҳо, мегардад.
Мо худамон ин гуна ҳодисаҳоро хуб дар ёд дорем, вақте ин гуна ҷангҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи солҳои 90-ум ба миён омада буданд. Чунин бадбахтиҳо ба гуруснагиву хунрезӣ оварда расониданд, ки чандин мардуми Тоҷикистони азизамон аз ватани хеш ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон гуреза шуда рафтанд, чӣ қадарашон дар он ҷо вафот карданд. Ҳар яки мо ин ҳодисаҳоро нағз дар ёд дорем, ки мардуми шаҳри Кўлоб ва Бохтар (собиқ Қўрғонтеппа) аз гуруснагӣ то ҳатто тухми ҷорўбро истеъмол мекарданд, ки ин ҳама кирдори кардаи мо, нав маълум гардид, ки беасос буданд.
Бо шарофати фарзанди фарзонаи миллатамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрўз ба мардуми дунё маълум гардид ва фаҳманд, ки давлате ба ном Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад. Ин марди ғамхор ба он тоҷиконе, ки ҳамчун гурезашуда аз кишварашон фирор карданд ва ба касоне, дар ин ҷанг чандин бадбахтиҳоро аз сар гузарониданд, кафолати сулҳро ваъда намуданд. Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем.
Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарҳои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.
Мақсади ибтидоии терроризм ин халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.
Боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо суистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро».
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодиро барангехтаанд.
Гаравидани ҷавонон ва мутаасифона шомил шавии занону духтарон, модарони тоҷик ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро пуштибони аз ҳаргуна мазҳабу равияҳои тундгаро ба назар мерасад.
Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.
Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) эълон карда шуда, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ба содиршавии амалиётҳои террористӣ дар манотиқи гуногуни олам, ки боиси фалокати одамон мегардад, оварда мерасонад. Сабаби шомилшавии ҷавонон аз ҳисоби бесаводӣ, нодонӣ, гумроҳӣ баамал меояд.
Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.
Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси нигарони мебошад, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад.
Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи “Муқовимат ба тероризм ва ифротгароии хушунатомез” баромади пурмўҳтаво намуда қайд кард, ки “Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-и падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда дар ягон давру замон оммаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд.
Мо ҷавонон бояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем, дар ҷамъомадҳо тўю маъракаҳо ва маросимҳо байни аҳоли вобаста ба мубориза бар зиддӣ ин вабои аср «Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез» ташвиқоту тарғибот бурда, мардумро аз оқибатҳои ҳалокатовару харобиовари ин падидаи номатлуб огоҳ созем.
Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрўз бо саъю талошҳои Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарўзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.
Судяи суди ноҳияи
Хуросони вилояти Хатлон
Раҳмонзода И.Р.