Ҷиноят ва ҷазо: саркашии падар аз таъминоти фарзанд

Шаҳрванд Бобиев З.Н. дидаву дониста, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Хуросон аз 30 сентябри соли 2019 ба фоидаи Азизова Ш.З. барои таъминоти фарзанди ноболиғаш Зайнаб санаи таваллудаш 27 апрели соли 2014 ҳар моҳ бо тариқи устувор ба маблағи 120 сомонӣ то ба синни балоғат расиданаш маблағи алимент рўёнида шудааст, аммо Бобиев З.Н. бадқасдона бе сабабҳои узрнок, дар давоми 29 моҳ аз иҷрои ҳалномаи суд оиди пардохт кардани алимент барои таъминоти фарзандаш саркашӣ намуда, маблағи алиментро пардохт накардааст, ки дар давоми бисту нуҳ моҳ маблағи 3480 (се ҳазору чорсаду ҳаштод) сомониро ташкил додааст.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда Бобиев З.Н. маблағи қарзи алиментро ба пуррагӣ ба андозаи 3480 (се ҳазору чорсаду ҳаштод) сомонӣ ба ҷабрдида Азизова Ш.З. пардохт намудаст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон судшаванда Бобиев З.Н. дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда, ҷазо дар намуди корҳои њатмӣ ба муҳлати  120 (яксаду бист) соат, таъин карда шудааст.

 

Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

РАҲМОНЗОДА И.Р.