Ҷиноят ва ҷазо: ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои дуздӣ

Шањрванд Аминов Љ.С. аз руйи маслиҳати пешакї бо шиносаш Муродов А.Н. ва Умед ном шахс, санаи 10 апрели соли 2022, тахминан соатҳои 16:00 дақиқа ба деҳаи Меҳнат, Ҷамоати деҳоти Ҳилолї, ноҳияи Хуросон омада, бо тариқи пинҳонї аз ќитъаи замини наздиҳавлигиаш ду сар чорвои майдаи шохдорро, шаби 22.04.2022 сол тахминан соатҳои  23:00 дақиқа аз оғилхонаи шаҳрванд Султонов Н.Н., як сар гусфанди ҷинсаш модина тахминан 2 сола ва 12 сар барраи гусфандї тахминан 6 моҳа, шаби 6 декабри соли 2022, тахминан соатҳои 23:40 дақиқа аз ќитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Умарова Қ.Г. як сар чорвои калони шохдори ҷинсаш модина тахминан 4 сола, шаби 16 ба 17 декабри соли 2022 аз оғилхонаи шаҳрванд Латипов М.А. шаш сар чорвои майдаи гусфанд, шаби 18 декабри соли 2022 аз манзили истиқоматии шаҳрванд Сафаралиева С.Ҷ., ду адад гушвори тиллогин арзишаш 2800 (ду њазору њаштсад) сомонї, ду адад ангуштарини тиллогин арзишаш 1200 (њазору дусад) сомонї, як адад гарданбанди тиллогин арзишаш 2500 (дуњазору панљсад) сомонї ва як адад мошинаи муйисартарошї арзишаш 80 (њаштод) сомонї, шаби 18 декабри соли 2022, тахминан соатҳои 23:40 дақиқа аз ҳуҷраи манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипова С.С., гардида, ашёҳои рузгори хонаро дуздидаанд.

Бо њукми суди ноњияи Хуросони вилояти Хатлон судшаванда Аминов Љамшед Сафармањмадович дар содир намудани љинояти дар моддаи 244 ќисми 3 банди «а» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста шуда, ба ў бо ин модда, љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 2 (ду) солу 6 (шаш) моњ, бо адо намудани љазо дар колонияњои ислоњии дорои низоми пурзур таъин карда шудааст.

 

Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

РАҲМОНЗОДА И.Р.