Терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он

Терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он

 

Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Мушоҳидаҳои амалиётҳои террористӣ бисёртар дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон ва инчунин дар баъзе давлатҳои Аврупо ба назар мерасанд. Албатта гуфтан бамаврид аст, ки ин ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои абарқудрат ба монанди Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алоқамандии зич дорад. Мо медонем, ки баъзе давлатҳои Шарқи наздик ва Африқо аз захираҳои табии, хусусан аз нефту газ доро  мебошанд ва боиси таваҷҷўҳ аст, ки ин захираҳо дар байни ду давлати абарқудрати дунё яъне Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақсимоти дурусти худро пайдо карда наметавонанд, ки ин ҳама баъдтар боиси сар задани ҷангу низоъ дар ин минтақаҳо,  мегардад.

Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарҳои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.

Мақсади ибтидоии терроризм ин халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади  резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.

Боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо суистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро».

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодиро барангехтаанд.

Гаравидани ҷавонон ва мутаасифона шомил шавии занону духтарон, модарони тоҷик ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро пуштибони аз ҳаргуна мазҳабу равияҳои тундгаро ба назар мерасад.

Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои  террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) эълон карда шуда, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ба содиршавии амалиётҳои террористӣ дар манотиқи гуногуни олам, ки боиси фалокати одамон мегардад, оварда мерасонад. Сабаби шомилшавии ҷавонон аз ҳисоби бесаводӣ, нодонӣ, гумроҳӣ баамал меояд.

Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба  амалҳои харобкоронаи  онҳо маҳсуб  меёбад.

Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси нигарони мебошад, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад.

Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи “Муқовимат ба тероризм ва ифротгароии хушунатомез” баромади пурмўҳтаво намуда қайд кард, ки “Терроризм ва  экстремизм (ифротгароӣ)-и  падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда дар ягон давру замон оммаи мардум  ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд.

Мо ҷавонон бояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем, дар ҷамъомадҳо тўю маъракаҳо ва маросимҳо байни аҳоли вобаста ба мубориза бар зиддӣ ин вабои аср «Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез» ташвиқоту тарғибот бурда, мардумро аз оқибатҳои ҳалокатовару харобиовари ин падидаи номатлуб огоҳ созем.

Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрўз бо саъю талошҳои Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарўзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар  мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.

 

Судяи суди ноҳияи

Хуросони вилояти Хатлон

Раҳмонзода И.Р.