ИСТИҚЛОЛИЯТ ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тўли таърихи ҳазорсола мебошад. Баъди пош хўрдани давлати Сомониён, пас аз ҳазор сол имконият моро даст дод, ки ба орзуи деринаи худ бирасем. Зеро, мустақилият ва соҳибихтиёрӣ метавонад беҳтарин арзишҳо ва дорои ҳар як миллату халќиятро ҳифз намуда, таҷассумгари орзуву омоли мардум бошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки баъд аз он қадар азобу машаққат, даргириҳои сиёсӣ, бесарусомониву мушкилиҳои зиёд миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тољик нахустин бор соли 1991 Истиқлолияти комил ба даст овард.
Истиқлолият пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик буда, дар асри ХХ ба даст омадааст. Он чун мењмони олиқадр, пурфайзу пурбаракат ба хонадони кишвари тоҷик 9 сентябри соли 1991 ташриф оварда, ба мардуми сарбаланд ва соҳибтамаддуни мо ҷаҳони нав, рўҳи болида ва осмони софу беғуборо ато намуд. Миллати меҳмонавози тоҷик қадамҳои мубораки ин меҳмони олиқадрро волотар ҳисобида, арљгузорӣ намуда, онро ба хубӣ пазируфтанд.
Ҳарчанд бархе аз душманони қотилу бераҳм тобу тоқати дидани ин сарзамини пурганҷро накарда, миллати бузурги тоҷикро ҷанг андохтанд, вале мардуми обруманди тоҷик новобаста аз мушкилиҳои зиёди замон муҳоҷир гардидаву бесару сомон шуданд, аммо ба зудӣ аз ақли солими хеш истифода намуда, дубора соҳиби мулку сарзамини аҷдодии худ гардиданд.
Ҳамин дастоварди таърихӣ буд, ки имрўз Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо, дар баробари кишварҳои муттарақии ҷаҳон ќадам зада, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ки сокинони сайёра бо онҳо рў ба рў гардидаанд, саҳми арзанда мегузорад.
Маҳз бо талошу заҳматҳо ва кўшишҳои бевоситаи Президенти мамлакат Тоҷикистон истиқлолияти комил ба даст оварда, мардуми саодатпешаи тоҷик сарзамини аҷдодии худро дубора барқарор намуданд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз дар солҳои баъди ҷангӣ бо вуҷуди он қадар мушкилиҳои сиёсӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон сафар карда, даҳҳо ҳазор мардуми тоҷикро, ки бесарпаноҳ, мусофир ва ғариб буданд, дубора сарҷамъ намуда, ба Ватан баргардониданд. Дар як муддати кўтоҳ ин марди хирадманд, оқилу тавоно, некбину дурандеш тавонист, ки Тоҷикистонро ба мисли дигар давлатҳои рўйи дунё дар асраи байналмиллалӣ арзёбӣ намудаву муаррифӣ намояд. Ин ҳама заҳматҳо ва талошҳои бевоситаи шабонарўзии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Товикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, ки «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрўза мебошад».
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мардуми сарбаланди тоҷик соҳиби як қатор дастовардҳои нодири таърихӣ гардида, ҳар яки онҳоро чун гавҳари чашм эҳтирому ҳифз менамоянд. Маҳз самараи Истиқлолият буд, ки мо тавонистем соҳиби як қатор иншоотҳои бузурги аср гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи устувори худро пайдо намоем.
Истиқлолият барои мо тоҷикон рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иќтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ба ҳаёти озодонаи ҳар як фард олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Дар замони истиқлолият дар кишвар дар радифи дигар иншоотҳо як қатор сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ таъсис ёфтанд, ки дар ҷобаҷогузории кадрҳои онҳо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун як институти кадрӣ истифода карда шуд.
Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Бо азму иродаи қавӣ, дасту дили пок мардуми бофарҳанги тоҷик кўшиш намуда истодаанд, ки дар оянда зери ливои сулҳу истиқлолияти комил дастовардҳову инкишофи тамоми самтҳои давлатиро вусъат дода, дар ҷаҳони мутамаддин мавқеи арзандаи хешро касб намоянд, зеро маҳз талошу заҳмат ва шуҷоатмандии мардуми тоҷик метавонад Тоҷикистонро дар оянда боз ҳам чун мамлакати тараққикарда дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Ин ҳама ҳадафҳову талошҳои созанда баҳри пешрафту шукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва оромии ҳаёти арзандаи мардуми матиниродаи тоҷик аст, чунончӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд:
«Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дўст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!»
Шоҳиён Ф.Б. – Судияи суди н.Хуросон