Ҷамъбастии амалияи судӣ оиди парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба қаллобӣ (моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҷамъбастии мазкур мувофиқи банди 3 нақшаи кории суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар нимсолаи дуюми соли 2024, дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба қаллобӣ (моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар соли 2023 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, гузаронида шуд.

Ҷамъбастии гузаронидашуда нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон ҳангоми баррасии парвандаҳои бо моддаи 247 Кодекси љиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба қалобӣ, яъне тасаруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб асосан қонунҳои мурофиявӣ ва моддиро дуруст татбиқ намуда, баҳри таъмини қонуният ва адолати судӣ дар ин самт корҳои муаянеро ба анҷом расонидаанд. Судяҳо дар ин самт талаботи қонунро оиди пурра, ҳаматарафа ва объективона санҷидани ҳамаи ҳолатҳои кор таъмин намуда, дастурҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 25 июни соли 2004, бо тағйиру иловаҳо бо қарори Пленум №2 аз 30 июни соли  2011 «Дар бораи таҷрибаи суди оид ба баррассии парвандаҳои марбут ба дуздӣ, қалобӣ, ғоратгари ва роҳзани» ва дигар қарорҳои дахлдори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосан дуруст дар таҷрибаи кориашон татбиқ намудаанд.

Ҷамъбастї нишон дод, ки дар соли 2023 ба суди ноҳияи Хуросон парвандаҳои марбут ба ҷинояти каллобӣ 17 адад парванда ворид гардида, якҷоя бо 2 адад парвандаҳои аз соли 2022 боқимонда дар ин сол дар истеҳсолоти суд ҳамагӣ 19-адад чунин парванда нисбати 18 нафар  таҳти  баррасӣ қарор дода шудаанд.

Аз парвандаҳои дар истеҳсолот будаи суд 15 — парванда бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ баррасӣ карда шуда, истеҳсолоти 3-парванда нисбати 3-нафар бо татбиқи Қонуни авф қатъ карда шудааст. Аз миқдори умумии парвандаҳои категорияи мазкур 1-парванда ба соли 2024 боқӣ мононда шудааст.

Омўзиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои қаллобӣ нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон на ҳама вақт бобати дар оянда бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳои корхонаю ташкилотҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ чораҳои лозимӣ меандешанд. Ҳамин тариқ мувофиқи моддаи 290 КМҶ Ҷумхурии Точикистон агар дар суд асосҳои дахлдор мавҷуд бошад, суд барои баровардани ҳукм ба воситаи таъиноти хусусии худ диққати роҳбарони идораю муассисаҳо, корхонаҳо ташкилотҳо ва шахсони дигарро ба сабабҳо ва шароите, ки ба содир кардани ҷиноят ёрӣ расонида шудааст, ҷалб менамояд ва барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор диданро талаб мекунад. Таҳлил нишон дод, ки дар давраи соли 2023 аз 18– адад парвандаҳои баррасӣ шуда танҳо нисбати 8- адад парвандаҳо таъиноти хусусӣ бароварда шудааст. Бо дигар парвандаҳои ҷинояти гарчанде нисбати судшавандаҳо ҳукми айбдоркунӣ дар фаъолияти корхонаю ташкилотҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдори онҳо ҳангоми мавҷуд будани камбудию норасоиҳои ҷиддӣ, ки ба содиршавии ин ҷиноятҳо мусоидат намудаанд, ошкор гардида бошад, ҳам нисбати онҳо таъиноти хусуси интишор нашудааст. Ин аз беаҳмияти зоҳир намудани судяҳои суди ноҳия ҳангоми баррасии парвандаҳои мазкур шаҳодат медиҳад.

Мурофиаи судӣ давраи пурмасъулияту асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин давра бояд судя хусусияти тарбиявӣ ва пешгирикунандагии мурофиаро таъмин намояд ва аз руи имконият бояд маљлисҳои сайёри судӣ бештар гузаронида шаванд. Аммо дар соли 2023 дар суди ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои қаллобӣ насбати 7 – адад павранда маҷлиси сайёри судӣ гузаронида  шудааст.

Бештари баррасии парвандаҳои зикршуда аз ҷиҳати имлои забонӣ ҳам қарорҳои ба судӣ ва ҳам протоколҳои маҷлиси судӣ бо риояи талаботҳои зарурӣ тавсир ва муратаб тартиб дода шудаанд. Судяҳо ҳарчи бештар кушиш намудаанд, ки сифати парвандаҳои баъди баррасӣ, яъне омода намудани парванда аз ҷиҳати ҷобаҷогузории варақаҳои кор тартиб ва озодагиро риоя кунанд.

Ҷамъбаст нишон дод, ки тафтишоти пешакии категорияи мазкури ҷиноятҳо аз ҷониби муфаттишон бо камбудиҳо ба охир расонида шудаанд ва чунин хатогоҳо дар рафти мурофиаҳои суди аз тарафи судяҳо бартараф карда шудаанд.

Аз ҷумла, парвандаи ҷинояти нисбати Тағоймуродов Абдусаид Бабаашурович бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “в”, 247 қисми 3 банди “а” ва 244 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ворид гардида, ҳангоми омузиши парванда маълум гардид, ки тафтишоти пешакӣ кирдорҳои Тағоймуродов Абдусаид Бабаашуровичро нодуруст бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “в” ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст намудааст.

Зеро, мутобиқи талаботи сархати 1 банди 19 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3 аз 25 июни соли 2004 бо тағйиру иловаҳо бо қарори Пленум №2 аз 30 июни соли  2011 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ” — Ҳангоми содир намудани ду ва зиёда тасарруфи мустақилонаи молу мулки ғайр дар худи ҳамон як шакл бе нишонаҳои банду басткунанда (масалан, якчанд дуздӣ аз соҳибмулкони гуногун), ки барои онҳо шахс маҳкум карда нашудааст ё ин ки барои онҳо мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан нагузаштааст, ҳаракатҳои зикргардида  мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 19 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чун такроран содиршуда бо банди «а» қисми 2 моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқан бо банди «а» қисми 2 моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо банди «а» қисми 2 моддаи 248 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо банди «а» қисми 2 моддаи 249 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шаванд. Дар чунин ҳолатҳо ҳаракатҳои ҷиноӣ маҷмӯи ҷиноятҳоро ташкил намедиҳанд.

Мувофиқи талаботи сархати 3 банди 19 Қарори Пленуми Суди Олии зикргардида: Дар мавриди бо ҳолатҳои вазнинкунандаи дар якчанд қисмҳои моддаҳои 244, 247, 248 ё 249 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда содир намудани дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ё роҳзанӣ, дар ҳолати набудани маҷмӯи воқеии ҷиноятҳо, ҳаракатҳои гунаҳгор бояд танҳо бо он қисми моддаҳои КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазои нисбатан вазнинро пешбинӣ менамояд, банду баст карда шаванд. Дар ин маврид дар қисми баёнии ҳукм бояд ҳамаи нишонаҳои бандубасткунандаи ҳаракат нишон дода шаванд.

Бинобар ин, суд ҳамаи кирдорҳои судшаванда Тағоймуродов Абдусаид Бабаашуровичро бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, ки такроран, бо расонидани зарари калон ба шаҳрвандон содир шудааст, банду баст менамояд, зеро қисми 3 моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар қисмҳои он ҷазои вазнинтарро пешбинӣ менамояд.

Аз ҷиҳати имлоӣ ва риояи қонунгузории забони давлатӣ низ санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлиси судӣ ба таври дахлдор тартиб дода шудаанд. Судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ ҳарчи бештар кӯшиш намудаанд, ки парвандаҳо баъди баррасӣ гардидан, дуруст ба расмият дароварда шаванд ва тозаю озода нигоҳ доштани онҳоро таъмин кунанд.

Мақсади ҷазо ин барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи гунаҳкорон, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав тибқи талаботи моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷамъбасти нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон ҳангоми таъини ҷазо ба гунаҳгорон принсипи фардикунонии ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолате, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад, хусусият ва дараҷаи иштирок дар мувафақ шудан ба мақсади ҷиноят, таъсири ӯ ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ва дигар ҳолатҳоро ба назар мегиранд.

Таҷрибаи ҷазодиҳи оиди ин категорияхои ҷиноятҳо дар соли 2023 дар суди ноҳияи Хуросон чунин аст;

Ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба – 3 нафар.

Љазои ҷарима ба 12 нафар таъин карда шудааст.

Ҷамъбасти нишон дод, ки дар суди ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон дар соли 2023 аз ҷумлаи ашхоси ҷинояти қаллобӣ содир намуда нисбати 7 — нафар моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда ба онҳо ҷазои нисбати санксияи моддаи дахлдор пешбинишуда ҷазои сабуктар ва ё аз ҳадди дар санксияи моддаҳои дахлдор  нишондодашуда ҷазои камтар таъин карда шудааст. Нисбати 3-нафар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқ карда шудааст.

Ҳамзамон аз маълумотҳои ҳисоботи оморӣ барои соли 2023 бармеояд, ки судяҳои суди ноҳия ташвиқу тарғиби ҳукми бароварда шудаашонро дар байни омма бо роҳи муҳокима намудан, беаҳмияти зоҳир намуда ин талаботро сарфи назар намуда, дар кори худ ба роҳ намегузоранд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва дарки ҳадафҳои дар пеш истода бо мақсади манфиатнокии ин ҷамъбасткунии таҷрибаи судӣ,-

 

П Е Ш Н И Ҳ О Д    КАРДА    М Е Ш А В А Д :

Ҷамъастии мазкур дар ҷаласаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда баҳри ислоҳи камбудиҳои зикргардида чораҷӯи  карда шавад.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои катигорияҳои мазкур қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3 аз 25.06. соли 2004 бо тағйиру иловаҳо бо қарори Пленум №2 аз 30 июни соли  2011 «Дар бораи таҷрибаи суди оид ба парвандаҳои марбут ба дуздӣ,  қалобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ» ва дигар карорҳои дахлдори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоянд.

Парвандахои категорияҳои мазкур бештар дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шуда, ҳангоми ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноят оварда расонидаанд, инчунин хатогиҳо ва камбудиҳое, ки дар вақти тафтишоти пешакӣ ба амал омадаанд таъинотҳои хусусӣ зиёдтар бароварда шуда, баҳри ташвиқу тарғиби адолати судӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намоянд.

Судяи суди ноҳияи Хуросон

Раҳмонзода И.Р.