ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои дуздии телефони мобилӣ

Амиршоев У.Р. дар ҳолати ретсидив ҷиноятро марбут ба дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки  ғайр, такроран ва бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандро дар ҳолати зерин содир кардааст.

Амиршоев У.Р. санаи 11.06. соли 2024 тахминан соати 18:20 дақиқа бо мақсади адо намудани намози “Аср” ба масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Тошмухамедов, Ҷамоати шаҳраки Обикиик, ноҳияи Хуросон ворид гардида, ҳангоми ба хондани намози “Аср” машғул будани шаҳрвандон истифода бурда, тариқи пинҳонӣ 3-адад телефони мобилии намозгузоронро ҷамъ ба арзиши 5600 сомонӣ ташкил медоданд тасарруф намуда, аз ҷой ҳодиса ғайб мезанад, ки бо ин кирдори қасдонааш ба шаҳрвандон Косимов Ш.Ф. Хакимов Ҷ.З. ва Мирзоноров Б.К. зарари ҷиддӣ расонидааст.

Суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, ки дар ҳолати ретсидив ҷиноят содир кардааст, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, холатҳое, ки ҷазои ўро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар гирифтааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон судшаванда Амиршоев У.Р. дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Судяи суди ноҳияи Хуросон

РАҲМОНЗОДА И.Р.