АСОСҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ (Бахшида ба пешвози ҷашни мақомоти судӣ)

                                                Ба пешвози ҷашни мақомоти судӣ

 АСОСҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ

 Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

 

Аз таҷрибаи таърихи ҳокимияти судӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудаи ҳақиқати воқеӣ, беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Суд на танҳо манфиати шахсони алоҳида ё ташкилоту муассиса балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар ҷамъият онро адолати судӣ мегуянд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти судӣ аз ҳаргуна фишору дахолати ниҳодҳои давлатӣ озод буда, судяҳо дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рўи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷў ва дарёфт кунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ мегардад. Ин нуқта ба он ишора мекунад, мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро ба ҷуз ҳокимияти судӣ надорад.

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин рў дар чунин сохтори давлатдорӣ ягон мақомот ва ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ амал карда наметавонад. Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ истодаанд, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 6 августи соли 2001 қабул гардидааст, роҳнамои мақомоти судӣ мебошад.

Ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар Қонуни мазкур асосҳои адолати судӣ муқаррар шудаанд. Мутобиқ ба ин санадҳо адолати судиро танҳо Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди  ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар амал тадбиқ мекунанд.

Адолати судӣ мафҳумест, ки дар иҷрои он судҳо меъёрҳои ҳуқуқиро нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ менамоянд.  Суоле ба миён меояд, ки адолати судиро судяҳо ва кормандони гуногуни мақомоти судӣ дар асоси кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардонанд. Ин меъёрҳо пеш аз ҳама аз принсипҳои асосии фаъолияти судӣ сарчашма мегиранд. Яке аз принсипҳои асосии фаъолияти суд ин баробарии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату нажод, вазъи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб ва навъи машғулият ба шумор меравад. Яъне дар истифода аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ашхоси бетабаа бо ҳам баробаранд.

Мустақилияти пурраи судҳо ин принсипи дигари фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми амалисозии адолати судӣ, судҳо танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда итоат мекунанд. Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ, ҳуқуқи ба истеҳфо баромадан, ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.

Забони мурофиаи судӣ принсипи дигари адолати судӣ мебошад. Асосан мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ ва ё бо забони аксари аҳолии маҳал сурат мегирад. Дар ҳолати надонистани забони давлатӣ шахсони алоҳида бо тарҷумон таъмин карда мешаванд, ки ин талабот дар моддаи 88-уми Кониститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон возеъ баён шудааст.

Ҳангоми мурофиа ва фаъолият судҳо комилҳуқуқ буда дахолати субъектҳои беруна қатъиян манъ мебошад. Дахлнопазирии судяҳо чунин маъно дорад, ки на танҳо шахсияти судя, балки манзил, ҷои кор, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва ҳуҷҷатҳои шахсии ў низ дахлнопазиранд.

Принсипи аз ҳама муҳими адолати судӣ ин ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ мебошад. Санадҳои судӣ аз ҳукму ҳалнома, таъинот ва қарорҳои судӣ иборат буда, баъди эътибори қонунӣ пайдо карданашон дар тамоми қаламрави мамлакат иҷрои ҳатмиро талаб мекунанд ва бе ягон монеъа бояд иҷро  шаванд.

Принсипи таъмини амнияти судяҳо охирон принсипи адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи тамаддуни инсоният аз рўзи ба вуҷуд омадани адолати судӣ ин принсипро ба иҷро мерасонд. Дар ҳама давру замон новобаста аз сохти давлатдорӣ амнияти ин гурўҳи одамон таъмин мешуд. Дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо амнияти судяҳо балки аъзои оила ва молу мулки онҳо низ  таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор гирифтаанд.

Дар давоми 100 соли мавҷудияти хеш мақомоти судии Тоҷикистон аз як Комиссарити халқии адлияе, ки 14 декабри соли 1924 ташкил ёфта буд, имрўз ба мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, Суд, Шўрои алдия, Вазорати адлия, марказҳои илмию тадқиқотии ҳуқуқӣ, дигар ниҳодҳои судии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ арзи ҳастӣ намудааст. Ба ибораи дигар, мақомоти судӣ ҳоло чун ҳокимияти махсусе, ки адолати судиро амалӣ месозад, ташаккул ёфтааст.

Санаи 26 октябри соли 2018 аввалин маротиба дар даврони истиқлолият рўзи кормандони суд дар дар санади меъёриҳуқуқӣ таҷасуми худро ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба зиммаи судҳо вогузор шудани вазифаҳои нав, аз қабили ҳаллу фасли масъалаҳои фарзандхондӣ, иҷозат додан барои ба ҳабс гирифтан, нишони боварии комили давлат ба фаъолияти ин мақомот мебошад. Кормандони судро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин бовариҳо фаъолияти худро ҳамеша дар асоси меъёрҳои инсондўстӣ ва ҳақиқату адолат ба роҳ монанд.

Дар арафаи 100-солагии Мақомоти судӣ дар хусуси моҳияти ҳокимияти судӣ ва мавқеи он дар давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта тамоми ҳамкасбон, яъне кормандони мақомоти судҳои Ҷумҳуриамонро бо ин ҷашни таърихии хотирмон самимона табрик мегуям ва ҳамчун корманди ин соҳа хоҳони онам, ки ҳокимияти судӣ ягона баҳри пешрафту тараққиёт ва оромии халқу давлати соҳибистиқлоли мо то абад мустаҳкам боқӣ бимонад.

 

Судяи суди ноҳияи Хуросон

Раҳмонзода Икром