Мулоқоти судя бо сокинони Ҷамоати Фахробод вобаста ба соли маърифати ҳуқуқӣ

Суди ноҳияи Хуросон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.12.2023 сол, №668 дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Фахробод, ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Ҷамоат аз ҷониби судяи суди ноҳияи Хуросон Шоҳиён Файзиддин мулоқот гузаронида шуд.