Аҳамияти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои  асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод карданд, ки соли 2024 дар ҷумҳурӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Дар ин асос Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти №668  ба имзо расид, ки тибқи он соли 2024  дар ҷумҳурӣ  «Соли маърифати ҳуқуқӣ » эълон карда шуд.

Масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон  аҳмияти  хоса  зоҳир менамоянд ва дар  суханрониҳояшон,  бахусус  паёмҳои  ҳарсолаашон оиди ин масъала таъкид менамоянд.

Дар ҳақиқат ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд. Ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд маҳз ба онҳое такя мекунад, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифату қодир ба ҳифзи адолатанд.

Илова бар ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буданд, ки дониши баланди ҳуқуқии аҳолӣ аз муҳимтарин шартҳои мубориза зидди ҳуқуқвайронкунӣ ба шумули ҷинояткорӣ ва ҷалб намудани қувваҳои солими ҷомеа дар ин роҳ мебошад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ беш аз ҳарвақта имрўз аҳмияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир, ки бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, ё худ бархўрди тамаддунҳо мебошад, вазъи ҷаҳон соат ба соат ва рўз ба рўз муташанниҷ шуда истодааст, мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.  Нагузорем, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерўҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, рўзи 09 марти соли 2024 оиди ин масъалаи ҳассос бори дигар таъкид карданд, ки:  «Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гуруҳҳои террористиву экстремистиӣ ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо  нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир, фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месўзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъну шарафи падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст. Пас биёед фарзандонамонро тарбия  намоем, илм омўзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд.

Мо бояд итиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандўстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии ватан ва рушди давлатамон аст».

Мардуми Тоҷикистон бунёди давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёдро мақсади асосии худ медонад.  Аз ин рў насли имрўза, бахусус наврасон ва ҷавонон бояд дар руҳияи баланди эҳтиром ва риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия ёбанд.

Бо ин мақсад ҳар яки моро зарур аст, ки дар баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошем, зеро маърифати ҳуқуқӣ як қисми таркибии фарҳанги инсонӣ буда, бо тарбияи сиёсӣ ва ахлоқӣ пайвасти ногусастанӣ дорад. Бо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ риояи қонун ба одати ҳаррўза ё худ муқаррарии шаҳрвандон табдил меёбад. Дар иртибот бо ин ҳадафи наҷиби роҳбарияти олии кишвар, ниҳодҳои дахлдорро мебояд, ки фаъолияти худро дар миёни аҳолӣ боз ҳам густариш диҳанд.

Судяи суди ноҳияи Хуросон

Раҳмонзода И.Р.