Ҳабси маъмурӣ барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашина

Шаҳрванд Саидов Ш.А. рўзи 1 январи соли 2024 тахминан соати 02:20 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Даймлер Бенс» рақами қайди давлатиаш 5255 HY 01-ро дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Обикиик, ноҳияи Хуросон, дар ҳолати мастӣ идора карда, бо ин ҳаракатҳояш талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардааст.

Бо қарори суд Саидов Ш.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарўз, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст.