Ҳабси маъмурӣ барои дашномҳои қабеҳ
Саидов Т.Ҳ. рўзи 11 сентябри соли 2023 тахминан соати 09:10 дақиқа, воқеъ дар дохили бозори марказии ноњияи Хуросон, дар дохили дукон, дар ҳолати мастӣ нисбати шаҳрванд Шарипова Б.М. дашномҳои қабеҳ карда, шаъну шарафи ўро дар назди ҷомеъа паст задааст. Саидов Т.Ҳ. сабабгори ба вуқўъ омадани ҷангу ҷанҷол ва вайронгардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст.
Саидов Т.Ҳ. бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 (панҷ) шабонарўз таъин карда шудааст.