Ҳабси маъмурӣ барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия
Каримов М.С. соати 08:20 дақиқаи санаи 19 апрели соли 2024 дидаву дониста ба талаботи қонунии кормандони милитсияи сардори ШМД Қизил-қалъа ШВКД дар ноҳияи Хуросон, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамоянд хусуси қатъ кардани савдои кўчагӣ итоат накарда, беэҳтиромӣ зоҳир намудааст, бо ин ҳаракатҳояш талаботи моддаи 479 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардааст.
Дар маҷлиси судӣ Каримов М.С. аз кардааш пушаймон шуда баёнот дод, ки дар ҳақиқат ўро кормандони милитсия се маротибаҳо хусуси дар ҷой муқаррарнашуда ба фуруш нагузоштани маҳсулотҳо огоҳ карда будааст.
Бо қарори суд Каримов М.С. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 479 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ шабонарўз таъин карда шудааст.
Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
РАҲМОНЗОДА И.Р.