ҳабси маъмурӣ барои зуроварӣ дар оила

Пиров М.К. рўзи 12 сентябри соли 2024 тахминан соати 19:30 дақиқа, воқеъ дар саҳни ҳавлӣ деҳаи Буйробофон, Ҷамотаи деҳоти Қизилқалъа, ноҳияи Хуросон бо писари ноболиғаш ва собиқ ҳамсараш муноқиша карда, бо якдигар ба таври таҳқиромез дарафтода, оромии ҳамсоягонро халалдор карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.

Бо қарори суд Пиров М.К. бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 (панҷ) шабонарўз таъин карда шудааст.