Ҷамъбасти фаъолияти кории судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024
Санаи 5 июли соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти кории судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ ва раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Шодмон Шамс иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар маҷлиси мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур ахбороти раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор оиди ҷамъбасти фаъолияти кори суди вилояти Хатлон, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024 ва қабули нақшаҳои корӣ барои нимсолаи 2-юми соли 2024 шунида шуд.
Баъди шунидани ахбороти раиси суди вилоят, ахборотҳои раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шунида шуд.
Дар хотимаи ҷаласа ба судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастуру супоришҳо дода шуда, таъкид карда шуд, ки дар фаъолияти худ боз ҳам масъулиятнок буда, парвандаҳоро сари вақт баррасӣ намуда, бо шаҳрвандон хушмуомила бошанд.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ назананд ва амалҳои коррупсиониро дар байни дигар кормандон пешгирӣ намоянд.