Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2021
Санаи 9 июли соли 2021 Раёсати Суди Олӣ баргузор шуд. Тибқи рӯзнома дар Раёсат натиҷаи фаъолияти Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 таҳлил ва ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ муайян карда шуданд.
Дар кори Раёсат намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., роҳбарият ва судяҳои Суди Олӣ, раисон ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар Раёсат доир ба натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш., вобаста ба натиҷаи баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ муовини Раиси Суди Олӣ Исҳоқӣ А.Н. ва оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҳарбӣ муовини Раис – раиси коллегияи ҳарбии Суди Олӣ Раҳмонзода С.С. ахборот доданд.
Дар Раёсат инчунин раисони судҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба натиҷаи фаъолияти судҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. низ суханронӣ карда, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар давраи сипаришуда андешаҳои худро изҳор намуд.
Сипас, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён вобаста ба фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баромад намуда, ба судҳо барои бартараф намудани камбудиҳо, баррасии ҳаматарафа, пурра, холисона ва саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунию асоснок ва назорати иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 ва қабули қарори дахлдор ба кори Раёсат хотима бахшида шуд.