Ҷамъбастии амалияи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҷ А М Ъ Б А С Т И И
Амалияи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки дар давраи соли 2023 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд
30 майи соли 2024 ноҳияи Хуросон
Ҷамъбастии мазкур мувофиқи банди 8 нақшаи кории суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар имсолаи аввали соли 2024, дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки дар давраи соли 2023 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, гузаронида шуд.
Судяҳои суди ноҳия дар давраи ҳисоботии соли 2023-юм дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунанда ва Паёму эродҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои додашудаи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, баҳри таъмини адолати судӣ дар кори худ онро ба роҳбарӣ гирифта, корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.
Вазифаи Қонуни мазкур, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Гуфтаҳои болоро суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба роҳбарӣ гирифта, бо мақсади қонунӣ ва асоснок баррасӣ намудани парвандаҳо, аз байн бурдани камбудӣ ва норасоиҳо зимни баррасии чунин парвандаҳо гузарондани ҷамъбасткуниро дар нақшаи корӣ ҷой кард.
Омўзиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди ноҳия дар соли 2023-юм баррасигардида нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунанда, Кодекси мурофиавӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, ҳангоми баррасии парвандаҳо қонунгузории ҷориро дуруст татбиқ намудаанд. Асосан парвандаҳоро сари вақт ва дар доираи талаботи қонун бо сифати баланд баррасӣ карда, хавфнокии ҷамъиятии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муайян намуда, ба гунаҳгорон ҷазоҳои ба гуноҳашон сазовор дар раводиди моддаи дахлдор таъин намудаанд.
Дар натиҷаи ҷамъбастӣ маълум шуд, ки дар давраи соли 2023 ба суди ноҳия 13 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ кардааст, аз ин бо 13 парванда нисбати 13 шахс дар маҷмўъ ба маблағи 27578 сомонӣ ҷарима татбиқ шуда, он пурра иҷро шудааст.
Аз 13-адади парвандаҳои баррасигардида, 8-ададашон нисбати мардон ва 5-адад парванда нисбати занон мебошад.
Ҳамаи парвандаҳои зикршуда нисбати шахсони воқеӣ буда, ягон нафари онҳо дар ягон ҷой кор намекунанд.
Судя, бояд дар рафти маҷлиси судӣ ба ҳуқуқвайронкунанда хусусияти тарбиявӣ ва пешгирикунанда доштани ҷавобгарии маъмуриро тавзеҳ дода, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бояд тамоми парвандаҳои маъмуриро ҷиҳати риояи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ намояд, ҳамаи парвандаҳои маъмурии ворид шуда дар мурофиаи сайёри судӣ гузаронида шудаанд.
Дар натиҷаи ҷамъбастӣ муайян карда шуд, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон баъди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ онҳоро саривақт ба расмият дароварда, ба шӯъбаи коргузорӣ месупоранд.
Ҳангоми гузарондани ҷамъбасткунӣ фаъолияти шӯъбаи коргузорӣ, ҷиҳати бақайдгирӣ, супоридан ва қабули парвандаҳо санҷида шуд. Муайян карда шуд, ки дар дафтархона баъди ба суд ворид шудани парвандаҳо, бо дастури раиси суд парванда дар китоби алоҳида саривақт бо тартиб додани варақаи бақайдгирии оморӣ ба судяҳо супорида мешаванд. Баъди қабули санади судӣ моҳияти он ба варақаи номбурда қайд карда мешавад. Дар варақаи оморӣ инчунин ҳаракати парвандаҳо бо пуррагӣ дарҷ карда мешаванд.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба зиммаи мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои ваколатҳои зерин мебошанд: назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим; фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд; ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт; андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур; таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ; расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим; таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим; талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон.
Аз ҳолатҳои кор, ки дар рафти омўзиши парвандаҳо муайян карда шуд, ки яке аз омилҳои содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ин пеш аз ҳама аз тарафи кормандони масъули комиссияҳои доимии ноҳиявӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва нафаҳмондани талаботҳои Қонун ба ҳуқуқвайронкунандаҳо мебошад. Ҳангоми баргузории маърака, аз ҷониби комиссия тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ ва дар доираи талаботи Қонун гузаронидани маърака, дода нашудааст, то ин ки ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур пешгирӣ карда шаванд. Новобаста аз он шаҳрвандон пас аз гирифтани иҷозатнома ва бақайдгирӣ, ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ медиҳанд ва ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми баргузории маъракаҳои маросимӣ аз ҷониби мутасаддиёни комиссияи доимии Ҷамоатҳо ва Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Хуросон талаботҳои қонунро нафаҳмонида, ба беаҳамиятӣ роҳ дода, пас аз ба қайд гирифтани онҳо ҷараёни гузарондани маъракаҳо таҳти назорат қарор дода намешаванд.
Омӯзиши парвандаҳои мазкур нишон дод, ки комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон асосан парвандаҳоро дуруст дар асоси талаботи қонуни номбурда оғоз ва ба расмият дароварда, ба суд пешниҳод намудаанд. Дар баробари ин парвандаҳо аз тарафи комиссияҳо бо як қатор камбудиҳо ба суд барои баррасии минбаъда ирсол карда мешаванд.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 79 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сана ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки протоколро тартиб додааст, маълумот дар бораи шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, маҳал, вақти содиршавӣ, ҳодиса ва моҳияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ менамояд, насаб, ном ва номи падар, суроғаи шоҳидон ва ҷабрдидаҳо (агар бошанд), баёноти шахсони воқеӣ, мансабдор, ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, хоҳиши онҳо дар бораи иштироки ҳимоятгар ё бе иштироки ў (оид ба парвандаҳое, ки иштироки ҳимоятгар дар онҳо ҳатмӣ нест) ва дигар маълумоти барои ҳалли парванда зарур сабт карда мешаванд.
Вобаста ба ин чи тавре ҳангоми омeзиши парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти №2-74/23 нисбати Сафаров Раҳматулло Мирзоназарович, протоколи таҳиягардида муайян карда шуд, ки дар он тамоман моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур, ки ҷавобгариро барои ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ менамояд ва ному насаб ва суроғаи шоҳидон сабт нагардидааст.
Ба ҳамин монанд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти №2-92/23 нисбати Хидиралиева С.Қ. мебошад.
Омузиши парвандаи мазкур нишон дод, ки ҳолатхое ҷой доранд, ки банду басти кирдори хуқуқвайронкунандагон низ нодуруст ба роҳ монда шудааст, ки ба ҳолатҳои воқеии парванда мувофиқат намекунад. Яъне ҳангоми банду басти кирдори ҳуқуқвайронкунандаҳо ба ҷои қисми махсуси моддаи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори онҳо бо моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» банду баст карда шудаанд, ки нодуруст мебошад.
Саривақт, ҳаматарафа ва объективона муайян кардани ҳолатҳои кор доир ба ҳар як парванда, ҳаллу фасли он мутобиқи қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳои қабулшуда, муқаррар намудани сабабу омил ва ҳолатҳое, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар руҳияи риояи қонунҳо, тарбия намудани шаҳрвандон ва таҳкими қонуният яке аз муҳимтарин вазифаҳои пешбурди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Хуросон ва комиссияҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон барои пешгирӣ ва ошкор кардани вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои заруриро наадешида дар канор меистанд.
Инчунин аз ҷониби комиссиҳои зикршуда байни мардум барои ташвиқоту тарғиботи Қонуни номбаршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ гузаронида намешаванд.
Аз рўи натиҷаи ҷамъбастии гузаронидашуда, зарур меҳисобам ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷойдошта, ки ба қонуншиканиҳо дар ин самт мусоидат намудаанд, ба унвонии Раиси ноҳияи Хуросон, комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон пешниҳод ирсол карда шавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло бо дастрасии моддаи 88 Қонуни Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»,_
ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД:
- Ҷамбастии мазкур дар маҷлиси фаврӣ дар байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Хуросон мавриди муҳокима қарор дода шавад.
- Диққати судяҳо, инчунин кормандони дастгоҳи суд ҷиҳати саривақт, пурра ва бо сифати баланд таҳия намудани қарорҳо, протоколҳои маҷлиси судӣ ҷалб карда шавад.
- Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии Раиси ноҳияи Хуросон, комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон ҷиҳати ҷалб намудани диққати онҳо оиди дуруст ба расмият даровардани парванда пешниҳод ирсол карда шавад.
Судяи суди
ноҳияи Хуросон Раҳмонзода И.Р.