Ҷамъбастии амалияи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар суди ноҳияи Хуросон

Ҷ А М Ъ Б А С Т И И

Амалияи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки дар давраи соли 2022 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ҷамъбастии мазкур мувофиқи банди 6 нақшаи кории суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар соли 2022, дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки дар давраи соли 2022 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, гузаронида шуд.

Судяњои суди ноњия дар давраи њисоботии соли 2022-юм дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Ќонунњои амалкунанда ва Паёму эродњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ва дастурњои додашудаи роњбарияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон амал намуда, бањри таъмини адолати судї дар кори худ онро ба роњбарї гирифта, корњои  назаррасро ба анљом  расонидаанд.

Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Вазифаи Қонуни мазкур, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Гуфтаҳои болоро суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба роҳбарӣ гирифта, бо мақсади қонунӣ ва асоснок баррасӣ намудани парвандаҳо, аз байн бурдани камбудӣ ва норасоиҳо зимни баррасии чунин парвандаҳо гузарондани ҷамъбасткуниро дар нақшаи корӣ ҷой кард.

Омўзиши парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї дар суди ноњия дар соли 2022-юм баррасигардида нишон дод, ки судяњои суди ноњияи Хуросон дар фаъолияти худ Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Ќонунњои амалкунанда, Кодекси мурофиавї њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ва Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистонро сармашќи кори худ намуда, њангоми баррасии парвандањо ќонунгузории љориро дуруст татбиќ намудаанд. Асосан парвандањоро сари ваќт ва дар доираи талаботи ќонун бо сифати баланд баррасї карда, хавфнокии љамъиятии њуќуќвайронкунии маъмуриро муайян намуда, ба гунањгорон љазоњои ба гуноњашон сазовор дар раводиди моддаи дахлдор таъин намудаанд.

Дар натиҷаи ҷамъбастӣ маълум шуд, ки дар давраи соли 2022 ба суди ноҳия 17 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 ќисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ кардааст, аз ин бо 17 парванда нисбати 17 шахс дар маљмўъ ба маблаѓи 30836 сомонї љарима татбиќ шудааст.

Аз 17-адади парвандаҳои баррасигардида, 9-ададашон нисбати мардон ва 8-адад парванда нисбати занон мебошад.

Ҳамаи парвандаҳои зикршуда нисбати шахсони воқеӣ буда, ягон нафари онњо дар ягон ҷой кор намекунанд.

Судя, бояд дар рафти маҷлиси судӣ ба ҳуқуқвайронкунанда хусусияти тарбиявӣ ва пешгирикунанда доштани ҷавобгарии маъмуриро тавзеҳ дода, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бояд тамоми парвандаҳои маъмуриро ҷиҳати риояи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ намояд, њамаи парвандањои маъмурии ворид шуда дар мурофиаи сайёри судӣ гузаронида шудаанд.

Њамзамон, њангоми љамъбасти амалияи мазкур иљроиши санадњои ќабул гардида, мавриди тањлил ќарор гирифта, дар як њолат бе иљро монондани санади судї ба назар расид.

Чунончї, парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати Фатиллаев Файзмањмад Хайдиллаевич бо моддаи 481 ќисми 1 КЊМ Љумњурии Тољикистон ба суд 30 майи соли 2022 ворид гардида, бо ќарори суд аз 2 июни соли 2022 нисбати охирин љазо дар намуди љарима ба андозаи 25 нишондињанда барои њисобњо баробар ба 1600 сомонї таъин карда шудааст. Вобаста ба иљроиши санади мазкур ба иљрочии хадамоти иљрои ноњияи Хуросон бо мактуб аз 8 июни соли 2022 тањти №858 фиристонида шуда, то инљониб иљроиши он таъмин карда нашудааст.

Дар натиҷаи ҷамъбастӣ муайян карда шуд, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон баъди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ онҳоро саривақт ба расмият дароварда, ба шӯъбаи коргузорӣ месупоранд.

Ҳангоми гузарондани ҷамъбасткунӣ фаъолияти шӯъбаи коргузорӣ, ҷиҳати бақайдгирӣ, супоридан ва қабули парвандаҳо санҷида шуд. Муайян карда шуд, ки дар дафтархона баъди ба суд ворид шудани парвандаҳо, бо дастури раиси суд парванда дар китоби алоҳида саривақт бо тартиб додани варақаи бақайдгирии оморӣ ба судяҳо супорида мешаванд. Баъди қабули санади судӣ моҳияти он ба варақаи номбурда қайд карда мешавад. Дар варақаи оморӣ инчунин ҳаракати парвандаҳо бо пуррагӣ дарҷ карда мешаванд.

Тибқи талаботи ќисми 1 моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба зиммаи мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои ваколатҳои зерин мебошанд: назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим; фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд; ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт; андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур; таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ; расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим;  таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;  талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон.

Аз њолатњои кор, ки дар рафти омўзиши парвандањо муайян карда шуд, ки яке аз омилњои содир гардидани њуќуќвайронкунии маъмурї, ин пеш аз њама аз тарафи кормандони масъули комиссияҳои доимии ноҳиявӣ ва Љамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва нафаҳмондани талаботҳои Қонун ба њуќуќвайронкунандањо мебошад. Ҳангоми баргузории маърака, аз ҷониби комиссия тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ ва дар доираи талаботи Қонун гузаронидани маърака, дода нашудааст, то ин ки ҳуқуқвайронкунињои мазкур пешгирӣ карда шаванд. Новобаста аз он шаҳрвандон пас аз гирифтани иҷозатнома ва бақайдгирӣ, ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ медиҳанд ва ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми баргузории маъракаҳои маросимӣ аз ҷониби мутасаддиёни комиссияи доимии Љамоатњо ва Комиссияи доимии танзими анъана ва љашну маросимњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии н.Хуросон талаботњои ќонунро нафањмонида, ба беаҳамиятӣ роҳ дода, пас аз ба қайд гирифтани онҳо ҷараёни гузарондани маъракаҳо таҳти назорат қарор дода намешаванд.

Омӯзиши парвандаҳои мазкур нишон дод, ки комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии ноњияи Хуросон асосан парвандаҳоро дуруст дар асоси талаботи қонуни номбурда оғоз ва ба расмият дароварда, ба суд пешниҳод намудаанд. Дар баробари ин парвандаҳо аз тарафи комиссияҳо бо як қатор камбудиҳо ба суд барои баррасии минбаъда ирсол карда мешаванд.

Тибќи талаботи моддаи 82 ќисми 3 КМЊМ Љумњурии Тољикистон нусхаи қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор ё таъинот қабул карда шудааст, инчунин ба ҷабрдида дар давоми як шабонарӯз бо гирифтани забонхат супорида ё фиристода мешавад.

Аз тарафи прокурори ноњияи Хуросон талаботи моддаи дар боло овардашуда риоя нашудааст.

Масалан: аз рўи маводњои парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї №2-250 нисбати Ядгоров Дж.Т., барои омўзиш гирифташуда дида мешавад, ки нусхаи ќарори маъмурї ба њуќуќвайронкунанда супорида шудааст ё не, дар ќабати маводи парванда ягон дастхат ва ё маълумотнома вуљуд надорад, ки ин бар хилофи талаботи Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон мебошад.

Тибќи талаботи ќисми 1 моддаи 26 КМЊМ Љумњурии Тољикистон шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳуқуқ дорад бо ҳамаи маводи парванда шинос шавад, баёнот диҳад, далелҳо оварад, дархост ва раддия изҳор намояд, аз ёрии ҳуқуқии ҳимоятгар истифода барад, бо забони модариаш сухан кунад, ҳангоми надонистани забони пешбурди парванда аз хизмати тарҷумон истифода барад, аз болои қарори қабулшуда шикоят намояд, инчунин тибқи Кодекси мазкур аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода барад.

Омӯзиши маводњои парвандаҳои њуќуќвайронкунии маъмурї №2-406 нисбати Сатаров Б.Х., №2-132 нисбати Ќараева Б.Њ., №2-37 нисбати Абдулмуминова М.Н., №2-250 нисбати Ядгоров Дж.Т., нишон дод, ки њуќуќвайронкунандањои номбурда узбекзабон буда, онњо њуќуќ доранд ҳангоми надонистани забони пешбурди парванда аз хизмати тарҷумон ва ё аз ёрии ҳуқуқии ҳимоятгар истифода баранд. Аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Хуросон ва прокуратураи ноњияи Хуросон дуруст ба њуќуќвайронкунандањо фањмонида нашуда, тарҷумон ва ҳимоятгар таъмин накардаанд ва ё њангоми донистани забони пешбурди парванда аризаи номбурдањоро оиди даст кашидан аз хизмати тарҷумон ва ё ҳимоятгар дар ќабати парванда замима накардаанд.

Саривақт, ҳаматарафа ва объективона муайян кардани ҳолатҳои кор доир ба ҳар як парванда, ҳаллу фасли он мутобиқи қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳои қабулшуда, муқаррар намудани сабабу омил ва ҳолатҳое, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар руҳияи риояи қонунҳо, тарбия намудани шаҳрвандон ва таҳкими қонуният яке аз муҳимтарин вазифаҳои пешбурди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.

Ќайд кардан зарур аст, ки комиссияи доимии танзими анъана ва љашну маросим маќомоти иљроияи њокимияти давлатии н.Хуросон ва комиссияњои Љамоатњои шањраку дењоти ноњияи Хуросон барои пешгирї ва ошкор кардани вайронкунандагони Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон” чорањои заруриро наадешида дар канор меистанд.

Инчунин аз ҷониби комиссиҳои зикршуда байни мардум барои ташвиқоту тарғиботи Қонуни номбаршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ гузаронида намешаванд.

Аз рўи натиљаи љамъбастии гузаронидашуда, зарур мењисобам љињати пешгирї ва бартараф намудани камбудию нуќсонњои љойдошта, ки ба ќонуншиканињо дар ин самт мусоидат намудаанд, ба унвонии Раиси ноњияи Хуросон, комиссияи доимии танзими анъана ва љашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Хуросон ва Љамоатњои шањраку дењоти ноњияи Хуросон пешнињод ирсол карда шавад.

Дар асоси гуфтањои боло бо дастрасии моддаи 88 Ќонуни Конститутсиони Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон»,_

ПЕШНИҲОД  КАРДА  МЕШАВАД:

 Љамбастии мазкур дар маљлиси фаврї дар байни судяњо ва кормандони дастгоњи суди ноњияи Хуросон мавриди муњокима ќарор дода шавад.

  1. Диќќати судяњо, инчунин кормандони дастгоњи суд љињати сариваќт, пурра ва бо сифати баланд тањия намудани ќарорњо, протоколњои маљлиси судї, таъмин намудани иљроиш љалб карда шавад.
  2. Бо маќсади бартараф намудани камбудињои љойдошта ба унвонии Раиси ноњияи Хуросон, комиссияи доимии танзими анъана ва љашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Хуросон ва Љамоатњои шањраку дењоти ноњияи Хуросон љињати љалб намудани диќќати онњо оиди дуруст ба расмият даровардани парванда пешнињод ирсол карда шавад.

 

Судяи суди

ноњияи Хуросон                                                             Рањмонзода И.Р.