Ҷамъбасти фаъолияти кории судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2023
Санаи 29 июни соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти кории судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ ва раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Шодмон Шамс иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар маҷлиси мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, муовини раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Табарзода Изатулло, судяҳои суди вилоят ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти кории судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода, суханро ба муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ дод.
Дар ҷаласаи мазкур ахбороти раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор оиди ҷамъбасти фаъолияти кори суди вилояти Хатлон, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2023 ва қабули нақшаҳои корӣ барои нимсолаи 2-юми соли 2023 шунида шуд.
Баъди шунидани ахбороти раиси суди вилоят, ахборотҳои раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шунида шуд.
Дар хотимаи ҷаласа ба судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастуру супоришҳо дода шуда, таъкид карда шуд, ки дар фаъолияти худ боз ҳам масъулиятнок буда, парвандаҳоро сари вақт баррасӣ намуда, бо шаҳрвандон хушмуомила бошанд.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ назананд ва амалҳои коррупсиониро дар байни дигар кормандон пешгирӣ намоянд.