ҶАВОНОН ҲАМЧУН НЕРЎИ ҲИФЗКУНАНДАИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТӢ

Вақте, сухан дар бораи ҷавонон  ё худ ҷавонӣ меравад  аз нигоҳи аввал ин: зебоӣ, қудрат, тавоноӣ, созандагию бунёдкорӣ, худогоҳӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ мебошад.

Бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23 – юми май Рӯзи ҷавонон мебошад.

Таҷлили рўзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ва­тан ва кўмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Ба ин маънӣ киш­вари азизи Соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор до­рад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшон­тарин арзишҳои тамаддуни бузур­ги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ѓояҳои нав, эҷодкори тақдири имрўзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебо­шанд.

Агар ба саҳифаи 33 – солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди­гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар­да шудааст.

Хуш он рўзе, ки баъди рўзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дўстӣ шуъла­афшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ ба дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зар­фи 33 – соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфта­аст. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист.

Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидўст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд.

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи мил­лату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ ба­рои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон-ро қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дорад.

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти­ву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ ка­фолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар маддӣ аввалиндараҷа қарор медиҳад.

Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.

Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти милла­тро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таъ­рихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб ме­равад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намеку­над, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ба­рои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маъ­навии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебо­шад, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпара­стии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.

Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 – уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосӣ худ шуморид.

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти­ву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ ка­фолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.

Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.

Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад. Зеро ҷавонони мо вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд.

Судяи суди ноҳияи Хуросон Раҳмонзода И.Р.