Азонихудкунии ғизои мактабӣ дар муассисаои таҳсилоти умумӣ
Икиров Г.У. бо фармоиши мудири маорифи ноҳияи Хуросон таҳти №290 аз 30 декабри соли 2020 ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Хуросон таъин гардида, дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2021, орд 565 килограмм ва равғани растанӣ 28 литр, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2015 сол таҳти №102 “Дар бораи Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, ки тибқи нақшаи Барномаи озуқаи ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид ба хонандагони синни 7-12 сол ва кормандони ёрирасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дар боло зикргардида дода шудааст, азонихуд намудааст.
бо ҳукми суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2021 Икиров Г.У. дар содир кардани ҷинояти дар моддаи 245 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 547 (панҷсаду чилу ҳафт) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 32820 (сиву ду ҳазору ҳаштсаду бист) сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф ба муҳлати як сол таъин карда шудааст.
Далелњои шайъӣ 565 килограмм орд ва 28 литр равғани растанӣ ба шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон супорида шудааст.