Гиромидошти забон!
Дар замони муосир ҳар як халқу миллат барои нигоҳ доштани расму оин ва таъриху фарҳанги ғании худ аз раванди ҷаҳонишавӣ, ки метавонад ба арзишҳои миллӣ таъсири ногусастании худро гузорад, кўшиш менамояд. Яке аз арзишҳои бузурги инсонӣ, ки метавонад дар ин раванд таъсири манфиро қабул намояд, забон мебошад.
Вақеан, забон бузургтарин ва арзишмандтарин арзиши миллӣ мебошад, зеро он ҳамчун яке аз рукнҳои олӣ, метавонад дар ташаккул, тараққиёт ва камолоти ҳар миллат хизмати бесобиқаеро анҷом диҳад. Маҳз забон аст, ки миллат қадами устувор ва собити худро дар шоҳроҳи худшиносӣ ва пояндагӣ мегузорад. Миллате, ки барои ҳифз ва ҳимояи забони хеш, ки муқаддастарин ва олитарин мерос аз гузаштагонаш мебошад, кўшиш наменамояд, натанҳо ояндааш норавшан, балки ҳамчун як миллати устувору побарҷо ояндае надорад.
Тоҷикистон шомили он миллатҳоест, ки ҳамеша барои ҳифз ва ҳимояи забон ва расму оин, инчунин, таъриху фарҳанги гузаштаи хеш ҷидду ҷаҳд менамоянд. Зеро, Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар доираи Конститутсияи хеш забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эътироф ва муаррифӣ намуд (моддаи 2) ва дар заминаи ин меъёр қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009 №553, дар таҳрири нав, шаҳодати гуфтаҳои болост.
Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонунҳову қарорҳо ва дастурамалҳо оиди забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд. Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”. Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он натанҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Мутаассифона, имрўз на ҳама аз ин забони соддаву равон ва ширину гуворро пуштибонӣ менамоянду барои покиза нигоҳ доштанаш таваҷҷўҳи амиқ зоҳир менамоянд.
Маҳз ин беаҳмиятист, ки имрўз аксарияти ҷавонон бо баробари сухан гуфтан аз вожаҳои гуногуни забони бегона истифода менамоянду покизагии забони тоҷикиро аз байн мебаранд. Бештар вақт ҷавондухтарон вориди чунин гуфтугўҳо қарор мегиранд, ки басо нигаронкунанда ва таъсиррасон мебошад, зеро фарзанд аз модар забон меомўзад ва аз ин ҷост, ки забони модарияш ном мебаранд. Дар ҳоле, ки чунин аст, пас ҷавондухтарони мо, яъне модарони ояндаи тоҷик ба фарзандони худ “забони сохта” ва ё “забони нав”-и бавуҷудовардаи худро, ки аз вожаҳои гуногун (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ўзбекӣ ва ғ.) ба вуҷуд омадаанд, меомўзанд? Дар ҳоли омўхтан ва такмил додани ин забони ба истилоҳ “нав” аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи начандон дур покизагии забони тоҷикӣ (гарчанде имрўз ҳам мушоҳида мешавад) аз байн биравад. Агар инро мо раванди ҷаҳонишавӣ бигўем ва бигўем, ки ин шаҳодат аз он аст, ки ҷавонони мо забондон ҳастанду чандин забонро медонанд ва наметавонанд бо забони тоҷикӣ озодона ҳарф бигўянд ва дар барҳамдиҳии чунин амалҳо оҷизӣ бикашем, пас мо хатои маҳз ва бузургеро содир менамоем, ки ҳаргиз нобахшиданист. Гарчанде имрўз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди назоратӣ дар ин соҳа фаъолият менамояд ва корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад, вале пеши чунин раванди тираро гирифта наметавонад, зеро ин аз ҳар як шаҳрванди хирадманду худогоҳ ва қавииродаи тоҷик вобастагии амиқ дорад, то аввал худ, пасон дигаронро ба гуфтори хуши тоҷикӣ даъват намояд ва нагузорад, ки дар осмони софи ин забон абрҳои тира доимо қарор бигиранд.
Масъалаи дигаре, ки мебояд зикраш намуд, риоя нагардидани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби шахсони мансабдор, алалхусус шахсони мансабдоре, ки бо забони қонун сару кор доранд, мебошад. Аксар вақт, ҳангоми баррасии парванда ҳолатҳое рў ба рў мешаванд, ки аз ҷониби ашхоси бо қонун коркунанда, забони қонун, ки метавонад бо як хатои аз камаҳмиятӣ ва ё надоштани саводи кофии забонӣ содир шудааст, шахсро паси панҷара кашидаву оқибати ҷазои ўро вазнинтар гардонад. Барои ҳуқуқшиносон забони қонун восита ва тарзи ифодаи қоидаи рафтор мебошад. Вале ҳуқуқшиносе, ки забони қонунро бе такя ба маълумотҳои забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ғалат мекунад. Бинобар ин, ҳуқуқшиносон бояд бо қоидаҳои сарфу наҳви забон огоҳ бошанд. Қоидаҳои мазкур бо ҳуқуқ дар печидагӣ қарор доранд.
Мутобиқи талаботи қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009, “ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад”. Меъёри қонун бояд тарзе ифода ёбад, ки фаҳмиши думаъногиро истисно намояд. Ин масъала махсусан дар дар соҳаҳое, ки чораҳои таъсиррасониро пешбинӣ мекунанд, муҳим аст. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ муҳим аст, ки ҳар калимаву ибора, таркибу истилоҳ, ҳар ҳарфу ҳиҷо, аломатҳои китобат бояд дар мақому мартаба ва маснади хеш чунон нишаставу ҷойгузин шавад, ки аз он ҳарферо тағйир додан, дигар кардан, берун овардан ва фурў гузоштан ғайриимкон бошад. Масалан, дар зер ҳолатҳое оварда шудаанд, ки ҳангоми истифода нагардидани қоидаҳои имло, калима маънои луғавии худро аз даст дода, тобиши дигарро ба вуҷуд меоварад: ғала – гала; ғар – гар; ғил – гил; ғоз – гоз; ғол – гол; ғул – гул; кўш – куш; қаср – каср; қандӣ – канди; қамчин – камчин; мўр – мур; ўҳда – ухда; ҳам – хам; ҳар – хар; ҳола – хола; ҷой – чой ва ғайра. Аз ин рў ҳуқуқшиносонро мебояд, дар ҳар маврид қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя намоянд ва нагузоранд то аз дониши нокифояи забони тоҷикии онҳо шахси дигар зарар бинад.
Дар ин доира диққати хонандаи закиро мехоҳем ба як масъала ҷалб намоем, ки фишурдаи он дар зер аст.
Дар қонунгузории меҳнатӣ рўзҳои ид пешбинӣ шудааст, ки онҳоро вобаста ба аҳамияташон ба идҳои боистироҳат ва беистироҳат ҷудо намудан мумкин аст. Дар моддаи 83-и Кодекси меҳнати ҶТ номгўи ин идҳо пешбинӣ шудааст ва дар яке аз қисматҳои ҳамин модда муқаррар гардидааст, ки 5-уми октябр чун Рўзи забони давлатии ҶТ қайд карда мешавад, вале бидуни истироҳат.
Забон як рукни асосии миллат мебошад, ки бе он давлату давлатдорӣ маъние надорад. Вақте забон нобуд шуд, пас яқин аст, ки миллат низ нобуд хоҳад шуд. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон «миллат ва халқ он вақт зинда мемонад, агар забон зинда бошад». Забони тоҷикӣ забонест, ки таърихи зиёда аз ҳазорсоларо дорост. Аҷнабиён ҳама дороиву сарвате, ки халқи тоҷик дошт, азони худ намуданд, бузургони донишварашро ба қатл расониданд, ҳудуди тоҷикнишинро ба ҳудуди кишвари худ табдил додаву ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангиашро нобуд сохтанд, ба гуфти Бозор Собир: «Ҳар чӣ ў аз моли дунё дошт, дод…», вале забони бузургашро, ки бо он асарҳои калонхаҷму пур аз маънӣ навишта шудаанд ва дорои ҳикматҳои инсониву ахлоқӣ, диниву ҳуқуқӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ мебошанд, нобуд ва ё аз байн бурда натавонистанд. Барои аз байн нарафтани ин забон садҳо ватандўстдорону ватанпарварони тоҷик ҷони худро фидо намудаанд ва мо бояд ба қадри ин неъмат, ба қадри ин ганҷинаи ҷилодор, ба қадри он ҷонбозиҳои бузургони худ бирасем. Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки имрўз забони мо дигарбора, бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эҳё гардид ва дар ҳоли рушд қарор дорад. Зеро, бунёди забони тоҷикӣ, ин бунёди миллати тоҷик аст!
Бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланд нисбат ба забони тоҷикӣ, бо мақсади бузургдошти забони тоҷикӣ, ҳифз кардан ва муқаддас шуморидани ин забони пурғановат пешниҳод менамоем, ки дар моддаи 83-и Кодекси меҳнати ҶТ тағироте ворид гардад, ки мувофиқи он 5-уми октябр ҳамчун Рўзи забони давлатии ҶТ ба гурўҳи идҳои боистироҳат дохил карда шавад ва тамоми мардуми тоҷик дар ин рўзи ид шукрона аз забони қадим ва саросар пур аз ганҷи худ намуда, як рўзи ҳаёти ширини худро бо истироҳату фароғат ва бо дарки масъулияти бузург нисбат ба забони тоҷикӣ ва инчунин бо посу муқаддас нигоҳ доштани он гузаронанд. Шояд ба ин андеша қисмате розӣ набошанд, лекин ин фикри шахсии муаллифон буда, ҳар як шахс метавонад дар пиромони ин мавзўъ фикри худро дошта бошад.
Раҳмонзода Икром
Судяи суди н.Хуросон в.Хатлон