Гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
Суди ноҳияи Хуросон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.12.2023 сол, №668 дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, санаи 17 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №58 ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон, аз ҷониби судяи суди ноҳияи Хуросон Раҳмонзода Икром ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон Тураева Шодигул Авлиёқуловна, Сабурова Бунафша Иброҳимовна ва Азизов Саидқадам Сафаралиевич барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳои тарбиявӣ ва таълимӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 216 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки баргузор намудани чунин мурофиаҳои сайёри судӣ дар муассисаи таълимӣ амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.