ИСТИҚЛОЛИЯТ БУНЁДГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддастарин ҷашн аст. Истиқлолият волотарин ва арзишмандтарин дастоварди давлатдорӣ дар ҳаёти ҳар як миллат ба шумор рафта, рамзи гуёи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, нишоне аз ватандориву ватандўстӣ мебошад. Аз ин рў, барои ҳар як миллат зистан дар давлати соҳибситиқлол, фазои сулҳу субот мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст.
Истиқлолият орзуи ҳамешагӣ ва деринаи ҳар миллат буда, таърих гувоҳи муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон аст, ки дар роҳи озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодиамон мубориза бурда, аксаран ноком гардида бархе дар ин роҳ ҷони худро аз даст додаанд. Озодиву истиқлолият дар дили ҳар яки ин гунна мардони шуҷоъ ҳамчун ормон боқӣ мондааст. Баъд аз гузашти чандин садсолаҳо санаи 9-уми сентябри соли 1991 дар ҳаёти мардуми тоҷик руйдоди хеле муҳиму фараҳбахш ба вуқўъ омад, ки орзу ва ормонҳои ҳазорон фарзандони миллати тоҷик, ки дар роҳи озодӣ ҷони худро фидо намуда буданд амали гардид, яъне миллати тоҷик истиқлолияти комили худро ба даст овард ва он абадан дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Ин санаи муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, имконият ва шароит фароҳам овард, ки баъд аз чандин садсолаҳо дубора ба бунёди давлатдории навин халқи тоҷик камари ҳиммат бандад. Он дар сарнавишти халқи куҳанбунёди мо тағироти кули ба миён овард ва мардуми шарафманди тоҷикро ба суи ваҳдатофарӣ, сулҳу суббот, рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳалли масъалаҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавори хонд. Истиқлолият мафҳуми васеъ буда, ба ҳаёту рузгори ҳар як фарди ҷомеъаи кишварамон дахл мекунад ва бо гузашти солҳо афзалиятҳо ва бартариҳои он бештар ба чашм расида, эҳсос карда мешаванд.
Марҳила ба марҳила пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар мерасад ва кишвари тозаистиқлои мо бо суръат рушд мекард. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани дигар соҳаҳо дар соҳаи қонунгузори пешравиҳо ва дигаргуниҳои назаррас сурат гирифт. Яке аз дастоварди бузург ва нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол, дар соҳаи қонунгузорӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддини дунё, таҷрибаи далатдорӣ ва сунату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шудааст.
Баъдан дар заминаи ин санади олии ҳуқуқӣ дар ҷумҳури қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гвардияи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ғайраҳо қабул гардиданд. Қабули қонуни асосии кишвар боис гардид, ки дурнамои кишвари тозаистиқлоли мо ҳамчун давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян карда шавад. Дар замони истиқлолият қабули Конститутсияи соли 1994 ба таҳияи санадҳои қонунгузории нави ҷавобгўи талаботи меъёри байналмилалӣ ва дар амал самаранок татбиқ шудани чунин санадҳо мусоидат намуд.
Имрўзҳо миллати тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу бунёдкориву созандагиро пеш гирифтаанд, ки имрўз натиҷаҳои бузург дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст омада истодааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд мекунанд, ки «Тамоми мардуми Тоҷикистон, хуб огоҳанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрўза мо чи қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Дар ин давра мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихии халқамон омўхта, бо дарназардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем».
Ҳамин тариқ давлати соҳибистиқлоли мо рўз то рўз пойдор гардида, нуфуз ва эътибори ватанамон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло мерафт ва ташаббусҳои кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад. Ҳоло дар вазъияти бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабор ва харобиовари баъзе халқиятҳо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати оромӣ, сулҳусубот, халқи тоҷик ба чи неъмати бебаҳое даст ёфтаем. Онҳое, ки ҳанўз ба ин неъмати бебаҳо ноил нагардидаанд, пайваста дар талоши ба даст овардани он мебошанд ва орзу доранд, ки рузе ба ин арзишмандтарин неъмат бирасанд. Ин неъмати бузурги яъне Истиқлолият ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву ороми кишвари азизамон бо тамоми ҳасти заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем. Мо мардуми тоҷик ин истиқлолро чун гавҳараки чашм бояд ҳифзу нигоҳдори намоем, то бароямон бегазанду ҷовидонӣ бошад.
Судяи суди ноҳияи Хуросон
Раҳмонзода И.Р.