КОНСТИТУТСИЯИ ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Чунки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи нави давлатдории худ бо роҳи демократӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ шуруъ намуд. Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварамон давраи нави мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллаӣ оғоз шуд.

Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад.

Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Бо мақсади таъмини кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ва ба принсипи эътирофшудаи байналмилалии инсондӯстӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ аз соли 2004 инҷониб дар кишвар татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд.

Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд.

Эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсондӯстона, ба муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеи шаҳрвандии хусусияти миллидошта ба ҳисоб мераванд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод.

Бо дарназардошти он, ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои рушди ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судҳо ва судяҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Љашни пуршукӯҳи муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишварро ба ҳар якти Шумо шодбош гуфта, умедворам, ки меъёрҳои Конститутсия тӯли садсолаҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлатамон ва роҳнамои халқи тамаддунсози тоҷик боқӣ мемонад.

 

Судяи суди ноњияи Хуросони

вилояти Хатлон

Рањмонзода И.Р.