Маҷлиси Пленуми Суди Олӣ
Рӯзи 26 декабри соли 2023 маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси Пленум бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
— «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми татбиқ намудани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд»;
— «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам» қабул гардиданд.
Ҳамчунин дар Пленум масълаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷумла ба ҳайатҳои раёсатҳои судҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин Шӯрои илмию машваратии Суди Олӣ тағйиротҳо ворид карда шуданд.