МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардан, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гардид.

Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда баён менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ баҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияти ҳуқуқии инсон зоҳир мегардад.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.

Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боиси мегардад, маданиятим ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намуданд.

Дар ҳақиқат қабул гардидани Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябр соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян карда. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсуссан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебоша рушди сафатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.

Қабули қонунҳо баҳри зиндагии шоиста як тарафи амали воқеӣ, ки Ҳукумат дар симои парлумон иҷро намудааст. Тарафи дигар иҷрои босифат ва риояи пурраи талаботҳои қонунҳои қабулгпрдида мебошад. Дар ҳамин маврид мафҳуми “ маърифати ҳуқуқӣ” зоҳир  ва вориди майдон мешавад. Барои дарки маънӣ метавон аз мафҳуми маърифати оиладорӣ истифода бурд. Эҳтироми волидайн, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Дар ин зимн қобили қайд ва ифтихор низ ҳастан, ки маърифати оиладории тоҷикон дар ҳеҷ миллату халқиятҳо дида намешавад. Ин падида бештар дар осори ниёкони мо баён гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатӣ ҳидоят мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, он дар ҷумҳурӣ ба коҳишдодани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизм (нестангорӣ) ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.

 

Шоҳиён Файзиддин —

судяи суди н. Хуросон