Наврӯз муборак бод!
Наврӯзи аҷам таърихи беш аз шаш ҳазор соларо дорост. Бо баракати соҳибистиқлолии кишвар ва роҳбарии абармарди таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврӯзи аҷдодӣ расман ба ҷашни байналмиллалӣ мубаддал гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.”
Наврӯз рамзи дӯстиву рафоқатӣ буда, инсонҳоро ба роҳи якдигарфаҳмиву осоиштагӣ даъват менамояд аз ин ҷост, ки одамон дар ин рӯзи нек ба дидорбинии хешу ақраб рафта, аз ҳолу авҳол, кору пайкори ҳамдигарӣ воқиф мегарданд ва ба ин васила меҳру муҳаббатро миёни худ зиёд сохта, риштаи равобитро мустаҳкам менамоянд.
Яке аз ойини наврӯз ин покиву покизагӣ ба шумор меравад. Покӣ нишони зиндагии хубу пур аз файз аст. Одамон ҳам дар ин рӯз хонаву дар, гирду атрофи маҳалли зисташонро аз ҳама ғализиҳо пок месозанд. Дар наврӯз бар дил бардоштани кина раво нест. Ва зарур аст, ки кина аз дил бояд бурун гардад ва ба мақомаш меҳру муҳаббат ҷойнишин ояд. Хатоҳҳои дигаронро бахшидану равобитро дубора ба роҳ мондан ҳам далоили он аст, ки наврӯзи аҷдодӣ рамзи дӯстиву ба роҳи ҳамдигарфаҳмӣ муттаҳид сохтани башарият мебошад.
Наврӯзи фирӯзро ба ҳамаи ҳамватанон муборак хонда, файзу баракаторо дар ҳар як хонадон таманно намуда, орзуи ободиву осудаҳолӣ ва пешрафти ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосоро мекунам.