Парчами давлатии Тоҷикистон нишони хиради волои миллат
Имрўз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рўзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз чумла Парчами давлатӣ тасавур кардан ғайриимкон аст.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Точикистон дар сессия Шўрои Олӣ 24 ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷўи сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шўрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.
Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро Президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осими ба уҳда доштанд. Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда, аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Чумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гуруҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина- санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлати, ҳамчун матои росткунчаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.
Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.
Баъд аз ин гуруҳи кори дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷчассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд.
Дар аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.
Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои милли таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озоди ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.
Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 гуруҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сессияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгарӣ, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрўз мо онҳоро дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хўҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Рўзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шўрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фурўд оварда қасам ёд намуд.
Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хўҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори милли, пойдории давлат ва арч гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад.
Вазифаи мо насли имрўзаи миллат, барои дар рўҳияи эҳтиром доштану рў овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11 декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12 майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд.
Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва рў овардан ба ин арзишҳо 19 ноябри соли 2009-ум аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24 ноябр ҳамчун рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Ҳар як фарди Ватандўстро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои Парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандўстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд. Аз ин рў, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам, бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад. Мазмун ва муҳтавои Парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад.
Ин аст, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша таҳти парчами худ саф ороста, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу душвори таърихӣ Ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудааст.
Бигузор Парчами мо – рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди неки созандаву ободгаронаи Ватани маҳбубумон — Тоҷикистон бошад.
Судяи суди ноҳияи Хуросон
Раҳмонзода И.Р.