Семинар дар ноҳияи Ҷайҳун

Санаи 31 январи соли 2025 дар ноҳияи Ҷайҳун, бо иштироки судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар доир ба мавзуҳои гуногун марбут ба баррасии парвандаҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла судяи суди ноҳияи Хуросон Шоҳиён Ф.Б. доир ба мавзуи «Омодасозии парвандаҳои маданӣ ба муҳокимаи судӣ. Ҳамчунин омўзиши Қарорҳои дахлдори пленуми Суди Олӣ» баромад намуд.