Таъиноти кадрӣ дар низоми судӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Душанбе, раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, муовини якум ва муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъиншуда талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.

“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”, таъкид доштанд Сарвари давлат.

“Зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда мо ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем ва бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед” таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ карданд.