Таърихи Артиши миллӣ

Ҳар як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд надорад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медонанд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозад, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Искандари Мақдунӣ лашкари бонизому соҳибзафари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони дури мо Куруши Кабир ва Дорои 1 бунёд гузоштааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон доданд. Лашкари давлатӣ Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оинҳои волои ҷавонмардӣ шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпешаи худ буд. Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи зарин ҷовидонӣ шудааст. Корнамоиҳои ҷангии ў дар ҳама давру замон бо далериву шуҷоат, хирадмандию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раъиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рў, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносию эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувияту ҳама сунатҳо ва муқаддасоти сарзамини бостони моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифоъу ҳифз кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати куҳанбунёдӣ мо мебошанд. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ вожаи «гурд» ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ , боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсодўст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои «Гурдони сафшикан», «Гурдони шерафкан», «Гурдони номовар», «Гурдони дилтан», «Гурди шерҷигар» ва амсоли ин шерозаву ҳусни баёни шоирони классики мо гаштааст, ки дар ҳамосаҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла Фирдавсии бузургвор фармудааст.
Ҳаме зўри гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.
Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд.
Шояд мафҳуми форсии «Гурд» баъдан дар Аврупо дар забони итолиёӣ ба пайдо шудани вожаи «Гвардия» асосу сабаб гардида бошад. Дар ибтидо мафҳуми «Гвардия» муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбии онро ифода менамуд. Баъдан қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хоссабударо «Гвардия» номгузорӣ мекарданд.
Мафҳуми Гвардия дар Италия аз асри 7 пайдо гардид. Дар Руссия асосгузори аввалин гвардия Пётри 1 буд. Аввалин гвардияи миллӣ соли 1789 дар оғози инқилоби бузурги Фаронса аз ҳисоби ихтиёрони мусаллаҳи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Кумитаи гвардияи миллӣ то соли 1871, яъне то эълони Комуннаи Праиж ба шўриши мусаллаҳона роҳбарӣ мекард. Дар баъзе мамлакатҳо нерўҳои низомии имтиёздори полисро низ гвардия меноманд. Баъдан дар Руссия болшевикон дар нахустин рўзҳои инқилоби февралии бурджуазӣ-демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи Сурх таъсис дода буданд, ки он соли 1918 ба ташкилёбии армияи сурхи давлати ҷавони шўроҳо асос гузошт. Мафҳуми Гвардия дар собиқ Артиши Шўравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишондода ба он мушарраф мегаштанд. Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. Пас ташкилёбии Артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардидаанд. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ аз уҳдаи ин вазифаҳои душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада то имрўз ба Ватан софдилона хизмат карда истодаанд.
Судяи суди ноҳияи Хуросон,
вилояти Хатлон
Раҳмонзода И.Р.