ТАЪСИРИ МАНФИИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ БА НАВРАСОН
Вобаста ба пурзур гардонидани сатҳи донишу малака ва тарбияи фарзанд қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» дар таҳрири нав масуълияти волидон, шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, муассисаи таълимӣ ва омўзгорро боз ҳам пурзур гардонид.
Мақсади Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кўдак бо мақсади таълиму тарбияи кўдак дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак мебошад.
Қонуни мазкур масъулияти падару модар, шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, муассисаи таълимӣ ва омўзгорро дар таълиму тарбияи кўдак танзим менамояд.
Ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, яке аз сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон ин суст ба роҳ мондани тарбия дар муҳити хонаводаву мактаб, беназорат мондани кўдакон дар истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, интернет, шабаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Маълумотҳои омори зимни гузаронидани ҷамбастиҳои амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маъмурӣ нишон медиҳанд, ки бе сабабҳои узрнок ба дарсҳо иштирок накардани кўдак, аз ҷониби кўдак истифода шудани зўроварӣ нисбат ба дигар шахсон, берун аз соатҳои дарсӣ машғули корҳои ношоиста низ бештар ба мушоҳида мерасад.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба истеҳсолоти суди ноҳияи Хуросон 267 парвандаи ҳукуквайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ яъне вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба падару модарон ворид гардида, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон љазоҳои сазовор таъин карда шуда, нисбат ба 74 парвандаи маъмурӣ ба мақомотҳои дахлдор ки ба камбудӣ роҳ додаанд таъинотҳои хусусӣ ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки боиси содиршавии ҳуқуқвайронкунї гардидаанд, ирсол карда шудааст.
Масъалаи ҳалталаби дигар ин рӯ овардани бисёри наврасону ҷавонон аз беназоратии волидон дар ғайримақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, интернет, тамошои наворҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зўроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшуда мебошад.
Коркмазов А.В. дар асари худ дар бораи «Нақши шабакаҳои интернетӣ дар паҳншавии экстремизм байни ҷавонон» қайд намудааст, ки истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ, ҷомеаҳои худро дар асоси манфиатҳо, эътиқодҳо ва ғайраҳо эҷод мекунанд, ки эҳтиёҷоти табиии инсонро барои ҷомеасозӣ дарк мекунонанд. Дар интернет, ҷавонон муносибат ва арзишҳои худро ба ҷаҳон паҳн мекунанд. Аммо, ин вазъият дар даҳсолаҳои охир тобиши манфӣ пайдо кардааст. Дар интернет ғояҳои радикалӣ бо мазмуни ифротгароӣ ҳарчи бештар пахш шуда, созмонҳои террористӣ ташкил карда мешаванд, ки наврасонро бо равонии заиф ҷалб менамоянд.
Тайи чанд соли охир масъалаи даст ба содир кардани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ҷалб шудан ба равияҳои экстремистӣ тавассути истифодаи шабаҳои интернетӣ ва паҳн кардани ғояҳои экстремистӣ динии равияҳои манъшуда боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Яке аз сабабҳои асосии даст ба ҷинояти мазкур задани ноболиғонро ба беэътиборӣ ва беназоратии волидон доир ба истифодабарии шабаҳои интернетӣ мебошад. Яъне, волидон мақсаднок истифодабарии интернет, муҳлати тўлонӣ аз шабаҳои интернетӣ истифода бурдани ноболиғонро назорат намекунанд, ки оқибат кўдакон ба гуруҳҳои ифротӣ тавассути шабаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Падару модарон ҳамеша бояд барои неку бади фарзандони худ ҷавобгариву масъулият ҳис кунанд ва лаҳзае аз тарбия ва назорати онҳо фориғ набошанд.
Судяи суди ноҳияи Хуросон
Раҳмонзода И.Р.