ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ
Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ондавлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраиҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳибиному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеи ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи такдирсоз мо тавонистем, ки ба мунокишахои дохили ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба мархалаи навини Точикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Точикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.
Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси халокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ раиси Ҷумҳур Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Имзои Созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши кулли дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Шукргузори онам, ки миллатӣ бузурги тоҷик имрўз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлолгардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст.
Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем.
Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли арафаи 32 солагии истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳиб маърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид,ки вай роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд.
Натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти давлатӣ зарбаи сахт расонида буд. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кӯшишу ғайрат намудаанд. Иқтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифтааст. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд.
Дар роҳи ҳалли масъалаҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият оид ба пастнамудани сатҳи камбизоатӣ рушди чорводориро барои зиёд кардани маҳсулнокии ин соҳа ва самарабахшии хизмати хусусии байторӣ дар бар мегирад, ки қисмати асосии он баландбардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ба шумор меравад
Ҳаёт нишон дод, ки истикрори сулху субот ва ваҳдати милли дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид.
Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигох дорем, ба кадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро хифзу эҳтиёт намоянд.
Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.
Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоянд, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонони ҷавонмарги баору баномуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он бебозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрўз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст. Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи фатҳи қуллаҳои нав ба нави зиндагӣ. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост. Аз Ватани худ ифтихор менамоям. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани манро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифоту пешниҳодоти сулҳовараш мешиносад. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани мо Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихи бузург дорад, мисли онро таърих ёд надорад.
Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
Раҳмонзода И.Р.