Вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳияи Хуросон

Санаи 5 майи соли 2023 бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар Кохи Хуросон вохӯрии судяи суди ноҳияи Хуросон Шоҳиён Файзиддин бо ҷавонони ноҳияи Хуросон, омӯзгорон ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини судя Шоҳиён Файзиддин дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мумбрам аз қабили:

  • пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ҷавонон;
  • фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022,№1920;
  • пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта;
  • вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ);
  • риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур бо иштироки зиёди ҷавонон ва омӯзгорон дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.