ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН ДАР МАРКАЗИ ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН: ШАРҲИ ПАЁМ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО

Дар идораи маркази Ҷавонони ноҳияи Хуросон вохӯрии Судяи суди ноҳия Вализода Ҷонибек ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони ноҳия доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавзӯъҳои асосии мулоқот:

  • Шарҳи Паёми Президент: Судя Вализода Ҷонибек нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, таъкид намуд, ки ҳар як фаъол ва шаҳрванди ватандӯст бояд дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат саҳмгузор бошад.
  • Пешгирии экстремизм ва терроризм: Иштирокчиён оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои тундрав вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа мебошад.
  • Муқовимат бо коррупсия: Таъкид гардид, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди давлат буда, пешгирии он маърифати баланди ҳуқуқиро талаб мекунад.
  • Мустаҳкамии оила ва пешгирии зӯроварӣ: Масъалаи вайроншавии оилаҳои ҷавон ва зӯроварӣ дар оила аз мавзӯъҳои доғи рӯз арзёбӣ шуд. Судя қайд кард, ки оилаи солим асоси давлати солим аст ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ҳатмӣ мебошад.
  • Риояи қонунгузорӣ: Инчунин, оид ба иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» тавсияҳои судманд дода шуданд.